Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Пастии Кураю Аракс

Пастии Кураю Аракс

Пастии Кураю Аракс, пастиест дар кисми шаркии Закавказия ва PеспубликаиСоветии Cотсиалистии Озарбоёчон. Дар поёноби дарёхои Кура ва Аракс, дар байни куххои Кавкази Калон ва Хурд вокеъ аст. Дар Шарк бо бахри Каспий хамхудуд мебошад. Тулаш 250 километр, бараш 150 километр. Ба­ландии он то 200 метр, дар кисми мар­кази ва шарки аз сатхи бахр пасттар. Релефаш асосан хамвор буда, каму беш пастию баландихо ва вулконхои лойфишон низ дорад. Пасти аз тахнишастхои бахри ва аллювиалию делювиалин давраи чорумин таркиб ёфтааст.

Иклимаш гарму хушк. Хаpopати миёнаи июл 25—28°Селсия, январ 1,3—3,6°Селсия. Боришот кариб 200 — 400 миллиметр. Ландшафти пасти — нимбиёбонии хушки субтропики. Хокаш хокистарранг, чигарранги тира, дар Шарк шурзаминхо ва ботлокзорхо мав­чуданд. Дар сохили дарёхо дарахтони бед, сафедор ва гайра меруянд. Пастии  Кураю Аракс чарогохи хуби зимистона аст. Дар заминхои оби пахта мекоранд; богу токдори ривоч меёбад. Дар ин чо кони нефт хаст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …