Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Иттифоки Совети

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети (КПСС), аз тарафи Владимир Илич Ленин хамчун партияи револютсионии марксистии пролетариати Россия таъсис дода шудааст; Коммунистическая Партия Советского Союза халкхои Россияро аз се револютсия гузаронид, Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС чун партияи синфи коргар баъди сохтмони Чамъияти мутараккии сотсиалисти, дар натичаи мустахкам шудани ягонагии ичтимои ва гоявию сиёсии чамъияти совети партияи тамоми халки совети гардид.

«Партияи Коммунистии Иттифоки Совети авангарди чанговари санчидашудаи халки совети мебошад, ки кисми пешкадам, бошууртарини синфи коргар, дехоконони колхози ва интеллигенсиияи СССР -ро дар асосхои ихтиёри муттахид менамояд… Партия барои халк вучуд дорад ва ба халк хизмат мекунад. Вай шакли олии ташкилоти чамъиятию сиёси, кувваи рохбар ва рохнамои чамъияти совети мебошад… Партияи Коммунистии Иттифоки Совети кисми чудонашаванда ва таркибии харакати байналхалкии коммунисти ва коргари мебошад».

(Материалхои съезди XXIV Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, 1972, сахифаи. 216-217.)

 

Максади асосии фаъолияти Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС сохтмони коммунизм аст. Асоси гоявии Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, кисман аъзоёни онро дар иттифоки чанговаронаи хамфирон — коммунистон муттахидд менамояд, марксизм-ленинизм мебошад.

Партия таълимоти марксисти-лениниро эчодкорона инкишоф дода, вазифаи ва роххои ичрои онхоро дар хар як давраи таърихи дар Программахои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС ва дигар хуччатхои партияви муайян мекунад. Программаи хозираи Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар Съезди 22-юми партия 31-октябр 1961 кабул шудааст. Принсипи рохбарикунандаи сохти ташкили в а фаъолияти Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС сентрализми демократи мебошад, ки дар Устави Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС сабт шудааст. Устави хозираи Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар Съезди 22-юми партия кабул шуда, кисман дар съездхои 23-юм (1966) ва 24-уми (1971) Партияи Коммунистии Иттифочи Совети( Коммунистическая Партия Советского Союза) КПСС тагйир дода шудааст.

Партия аз рузи ташкилшавиаш (1898) ба худ чунин номхоро гирифт: Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии Россия (РСДРП), аз соли 1917 — Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии (большевикони) Россия

—РСДРП (б), аз РКП(б) — Партияи Коммунистии (болшевикони) Россия

—РКП (б), аз 1925 — Партияи Коммунистии (болшевикони) Умумииттифок, — ВКП (б), аз 1952, инчониб Партияи Коммунистии Иттифоки Совети (КПСС) номида мешавад.

Соли 1983 Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар саф.\ои худ зиёда аз 18 миллион коммунист дошт. Аъзоёни Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба. 403 090 ташкилоти ибтидоии партияви дохил мешаванд, ки онхоро 2870 ташкилоти ибтидоии хочагии кишлок ва 605 комитета партаявии районхои шахр, 847 комитети шахри, 10 комитети округи партияви, 149 комитети вилоятии партияви, 6 комитети кишварии партияви, 14 Комитети Маркази партихои коммунистии республикахои иттифоки муттахид мекунанд.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС рохи бузург ва пуршараферо аз кружокхои нахустини марксистии пинхонкор солхои 80 асри 19 пайдо шудаанд то ба партияи бисёрмиллиона тай намудааст. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар давраи мавчудияти худ мувофики вазифахои конкретии таърихи стратегия ва тактика, шаклхои ташкили ва тарзу усулхои муборизаро тагйир медод, дар муборизаи револютсионии синфи коргар ва дехконони мехнаткаш бар зидди саризм ва капитализм, дар муборизаи зидди партияхои майдабуржуази — эсерхо меншевикон ва гайра обут об ёфт; вай бар зидди идеологияи буржуази, оппортунизм (троскизм, майлони рост

ва гайра) дар дохили харакати коргарии Россия ва байналхалки, ревизионизм ва догматизм хамеша суботкорова мубориза мебурд ва мебарад.

Партия ба синфи коргар ва тамоми мехнаткашон рохбари карда, вазифахои оламшумули таърихиро ичро кард: хукмронии истисморгарон сарнагун карда шуд, диктатураи пролетариат дар Россия баркарор гардид, сотсиализми мутаракки сохта шуд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС мло дар шароити со-циализми мутараккн ба сохтмони коммунизм дар мамлакати Советй сарварй мекунад.

Ташкил ёфтани Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС хамчун партияи собиткадами револютсионии пролетарии типи нав дар рафти харакати инкишофёбандаи коргари просесси конуни ва таърихан зарур буд. Россия маркази зиддиятхои империализми чахони, маркази зулму истибдоди капиталисти, помешики ва милли буд, пролетариати Россия ба мавкеъхои пекадамтарини харакати коргарии байналхалкки баромад. Россия ватани ленинизм гардид. Партияи ленини дар асоси анъанахои бойтарини револютсионии мархалахои пештараи харакати озодихохии Россия, тачрибаи харакати коргарии Россия ва чахониро чамъбаст ва истифода кард. Ва сотсиал-демократияи Россия чун чараёни идеяви гурухи «Озодкунии мехнат» (1883) бо сардории Г. В. Плеханов ибтидо гузошт. Нахустин чанини партияе, ки ба омма, харакати коргари такя мекард, «Иттифокхои мубориза барои озод кардани синфи коргар» буд, ки онро Владимир Илич  Ленин дар Петербург таъсис дода буд. Партия дар Съезди 1-уми Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии Россия РСДРП соли 1898 эълон карда шуд. Аммо барои барпо кардани партияи хакикатан револютсионии марксистии синфи коргар саъю кушиши бузурги Владимир  Илич Ленин, хамсафону ва коргарони пешкадами России лозим шуд, Мувофики плани коркарда баромадаи Владимир Илич Ленин дар Съезди 2-юми Партияи Сотсиал-Демократии Коргарии Россия РСДРП (1903) партияи болшевики, партияи пролетарии типи нав ба вучуд омад. Партия Устав ва Программа кабул намуд, ки он фаркан аз программахои партиями сотсиал-демократии Гарб дар назди худ вазифаи баркарор намудани диктатураи пролетариатро гузошт. Соли 1904 Владимир Илич Ленин навишта буд: «Пролетариат дар мубориза барои ба даст овардани хокимият гайр аз ташкилот аслихаи дигаре надорад… Пролетариат… факат дар натичаи он ки иттиходи идеявии ба принсипхои марксизм асосёфтаи вай ба воситаи ягонагии материалии ташкилот мустахкам мешавад, ташкилоте, ки (миллионхо мехнаткашонро дар армияи синфи коргар муттахид менамояд,— факат дар натичаи хамин пролетариат метавонад кувваи маглубнашаванда гардад ва ногузир хамин гуна кувва

хохад шуд. Дар пеши ин армия на хокимияти фарсудашудаи мутлакияти рус ва на хокимияти фарсудашудаистодаи капитали байналхалки истодаги карда наметавонанд» (Асос, чилди. 7, сахифаи 449—450).

Дар рафти Револютсияи солхои 1905—07 дар Россия дохии партия Ленин хусусиятхои революютсияи буржуази-демомратиро дар давраи империализм кушод ва нишон дод, ки харчанд ин револютсия аа чихати мазмун револютсияи буржуази бошад хам, гегемони он пролетариат аст, на буржуазия (меншевикон револютсияи Россияро ба револютсияи буржуазии Гарб монанд карда, буржуазияро кувваи харакатдихандаи он мехисобиданд); Ленин кайд намуд, ки хусусияти ба худ хоси (миллии револютсияи буржуази-демократии Россия зарурати халли масъалаи аграри мебошад. Вай исбот кард, ки иттифокчии пролетариат дар муборизаи зидди саризм дехконон мебошанд, воситаи асосии мубориза шуриши мусаллахона аст. Ленин назарияи ба револютсияи сотсиалисти сабзида расидани револютсияи буржуази-демократиро кор карда баромад.

Вазифаи асосии партия дар давраи мубориза барои галабаи револютсияи буржуази-демократи аз он иборат буд, ки гегемонияи пролетариат таъмия карда шуда, дехконон ва халкхои мазлуми миллатхои кишвар ба тарафи вай чалб карда шаванд. Партия, ки бо таълимоти марксисти-ленини мусаллах, ва бо оммахо алокаманд буд, санъати бевосита дар револютсия ба онхо рохбари карданро аз худ менамуд, роххои бо мутлакият руйрост чангиданро меомухт.

Баъди шикасти револютсия, дар давраи реаксия, вакте ки хамаи дигар партияхои ба саризм мукобил рухафтода шуда буданд, болшевикон кори легали ва гайрилегалиро мохирояа ба хам пайваста ва алокаи худро бо оммахо нигох, доштанд ва мустахкам намуданд. Партия ба хамаи отрядхои миллии пролетариати Россия рохбари карда, дар солхои болоравии нави револютсионии солхои 1910—14 программаи миллии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС-ро кор карда баромад, ки онро Ленин аз чихати илми асоснок намуд. Партия дар солхои Чанги якуми ЧАХОНИ(1914-18), дар шароити авчи шовинизм дар тахти байраки интернатсионализми пролетари ба мукобили чанги империалисти баромад. Партия программаи оид ба масъалахои чанг, сулх ва револютсияро кор карда баромад, болшевикон дар шароити мураккабтарин ба оммахо мефахмонданд, ки танхо бо рохи револютсия, бо рохи чанги империалисттиро ба чанги граждани табдил додан аз чанг барамадан мумкин аст. Партия шароити объективи ва омилхои субъективиро ба назар гирифта, пролетариати Россияро дар иттифок, бо дехконон ба амалиётхои катьии

револютсиони тайёр кард, ки сарнагун кардални мутлакият дар рафти револютсияи буржуази-демократии феврали 1917 натичаи ин амалиётхо буд.

Ленин дар Тезихои апрелии худ рохи партияро ба мубориза барои бо рохи осоишта ба револютсияи сотсиалисти сабзида расидани револютсияи буржуази-демократи муайян намуд, куввахои харакатдихандаи револютсия — синфи коргар ва дехконони камбагалтаринро нишон дод, шиори «Хамаи хокимият ба Советхо», идеяи Республикаи Советхоро хамчун шакли сиёсии диктатураи пролетариат ба миён гузошт: зарурати Партияи коммунисти номида шудани партияро асоснок намуд. Баъди он ки куввахои реаксия инкишофи осоиштаи револютсияро вайрон карданд, партия оммаро ба шуриши мусаллахона сафарбар кард. Болшевикон харакаати умумидемократиро бахри сулх, чанги дехкононро барои замин, ха-ракати милли-озодихохии халкхои мазлумро’ бо муборизаи коргарон бахри револютсияи оотсиалисти ба мачрои умумии револютсиони равона мекарданд.

Ба туфайли Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр диктатураи пролетариат, хокимияти хакикатан халкии совети баркарор гардид. Партия партияи хукмрон—кувваи рохбарикунандаи давлати сотсиалисти гардид, ки он дар иттифоки синфи коргар бо дехконони мехнаткаш асос ёфтааст. Декретхои Хокимияти Совети ба халли вазифахои дар Программаи партия нишондодашуда равон карда шуда буданд. Аз чумла «Декларасияи хукукхои халкхои Россия» инкишофи озодона ва баробархукукии комили хамаи халкхои Роосияро мукаррар намуд. Программаи соли 1903 кабул кардашудаи партия ичро гардид. Партия аз кори давхам шикаст ани сохти кухнаи истисморгар ба халли вазифаи мушкилтару мураккабтар — барпо намудани сохти нави чамъияти гузашт. Ленин марти соли 1918 гуфта буд: «Дигаргунсозихои сотсиалистиро сар карда истода, мо бояд дар пеши худ максадеро, ки ин дигаргунсозихо, нихоят, ба он нигаронида шудаанд, яъне максади барпо кардани чамъияти коммунистиро равшан гузорем». (Асос, чилди. 27, сахифаи 123). Съезди 8-уми Партияи Коммунистии (болшевикони) Россия РКП (б) (1919) Программаи нав кабул намуд, ки он фаъолияти партияро дар давраи аз капитализм ба сотсиализм гузаштан муайян кард.

Дар солхои чанги граждани ва интервенсияи харби (1918—20) партия халкро ба мукобили контрреволютсияи байналхалки ва дохили бархезонд ва бо рохбарии вай душманони сершумор торумор карда шуданд. Дар рафти револютсия ва чанги граждани хамаи дигар партияхои сиёси боварии халкро тамоман аз даст доданд ва аз арсаи сиёси абадан дур шуданд. Дар натичаи шаро-ити конкретии таърихи дар мамлакат системаи яккапартияви мукаррар гардид.

Владимир Илич Ленин дар асоси он, ки дар Мамлакати Совети барои сохтмони чамъияти сотсиалистии комил хамаи чизи зарури мавчуд аст, плани сохтмони сотсиалистиро (индустрикунонии мамлаокат, кооперативонии хоча-гихои яккадасти дехчонои, револютсияи мадани, -халли масъалаи милли) кор карда баромад, ки он барои аз навсозии револютсионии чамъият дастур гардид. Владимир Илич Ленин нишон дод, ки мустахкам намудани иттфоки сиёси ва иктисодии синфи коргар ва дехконон ахамияти халкунанда дорад. Дар рафти сохтмони сотсиалисти, ки аз рузхои аввали баъди галабаи Револютсияи Кабири Октябр вусъат ёфт партия хамаи гуруххои оппортунистиеро, ки ба сохтмони сотсиализм дар СССР мучобил мебаромаданд, торумор намуда, ягонагии идеяви ва ташкилии сафхои худро нигох дошт ва мустахкам намуд, ба амал баровардани рохи генералии партияро, ки ба сохтмони сотсиализм нигаронида шуда буд, таъмин кард. Дар натичаи чидду чахди азими партия ва халк масъалахои дорои ахамияти оламшумули таърихи хал карда шуданд. Индустриякунонии сотсиалисти ба амал бароварда шуд, ки дар асоси он хамаи сохахои хочагии халк бо суръат таракки мекарданд. Дар тахти рохбарии партия вазифаи му-раккабтарини азнавсозии сотсиалистии хочагии  кишлок (‘коллективонии хочагии кишлок) дар асоси плани кооперативии Владимир Илич Ленин хал карда шуд, ки он дар муносибатхои иктисоди ва тамоми тарзи хаёти дехкон револютсия буд. Дар асоси коллективонии саросар кулакхо хамчун синф нест карда шуданд. Хамаи синфхои истисморгар ва заминаи ба вучуд оварандаи истисмори одам аз тарафи одам — моликити хусуси будани воситахои истехсолот бархам дода шуданд. Дар СССР револютсияи мадани ба амал оварда мешуд. Бесаводи бархам дода шуд, интеллигеятсияи мехнати тарбия ёфт, идеологияи марксисти-ленини чахоибинии омма гардид; маданияти хакикатан халки, сотсиалисти ба вучуд оварда шуд. Умумияти манфиатхои куллии синфи коргар, дехконони колхози ва интеллигенсияи мехнати чунин ягонагии идеяви ва сиёсии чамъияти советиро ба вучуд овард, ки мислаш пеш дида нашуда буд. Музаффарияти бузургтарини сотсиализм халли масъалаи милли дар СССР буд, ки он баробархукукии пурраи сиёсии халкхо, бархам додани нобаробарии иктисоди ва мадании онхоро, ки аз замони гузашта мерос монда буд, таъмин намуд. Бисёр халкхои дар гузашта кафомонда давраи тараккиёти капитализмро аз сар нагузаронида, ба сотсиализм омада расиданд. Галабаи сотсиализм дар СССР корнамоии бузурги партия ва халки совети, музаффарияти идеяхои човиди марксизм-ленинизм буд. Съезди 18-ум ВКП (б) (1938) кайд намуд, ки сотсиализм дар СССР асосан сохта шуд.

Сохти советии сотсиалисти дар солхои Чанги Бузурги Ватани (1941— 1945) аз санчиши сахттарин гузашт. 60%’ хамаи аъзоёни партия дар фронтхо чангиданд, 3 миллион нафар коммунистон дар задухурдхо халок шуданд. Халки совети дар тахти рохбарии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар муборизаи фидокорона озоди ва истиклолияти СОСР-ро мухофизат намуд. Галабаи оламшу-мули таърихии халки совети дар озод кардани халкхои Европа ва Осиё аз хавфи асорати фашизм, дар начот додани тамаддуни чахон мавкеи калон дошт, ба муваффакияти револютсияхои як катор мамлакатхои Европа ва Осиё кумак расонд, ки дар натичаи он системаи чахонии сотсиализм ба вучуд омад.

Баъди  тамоми куввахои партия ва халк барои баркарор намудан ва боз хам таракки додани хочагии халк, барон анчом додани сохтмони сотсиализм сафарбар карда шуданд.

Муваффакиятхое, ки СССР дар тахти рохбарии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба даст даровардааст, бузурганд ва партия бо онхо хаккони мефахрад, вале партия аз вокеият дур намешавад, аз камбудию мушкилихои чойдошта ва хатохои содиршуда чашм намепушад, чунки  онхо хангоми халли вазифахои мураккабтарин ногузиранд ва партия ин гуна вазифахоро аввалин бор хал мекард. Дар вакташ Ленин навишта буд: «Он коммунистонеро, ки ба охир расондани сохтмони тахкурсни иктисодиёти сотсиалисти барин як «кори умумичахони-таърихиеро (хусусан дар мамлакати майдадехкони) бе хато, бе акибнишинихо, бе чандин карат аз дигар кардани корхои нотамом ва нодуруст кардашуда ба охир расондан мумкин аст гуфта пиндоранд, ин гуна коммунистонро якинан одамони нобуд шудаги донистан лозим буд» (Асос, чилди 33, сахифаи 206).

Дар давраи баъди чанг партия камбуди ва хатоихое, ки пеш рох дода шуда буданд, ошкор намуд ва барои бартараф намудани окибатхои шахспарасти тадбирхо андешид. Норма ва принсипхои Ленин конуни хатмии хаёти партия гардидаид. Сохти чамъялти’ ва Давлатии Совети боз хам устувор шуд ва такмил ёфт, ягонагии сотсиали-сиёси ва идеявии синфи коргар, дехконони колхози ва интеллигенссия мустахкамтар гардид, дустии халкхои СССР пойдортар шуд ва онхо дар атрофи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС муттахидтар шуданд. Иктисодиёт пуриктидортар, кобилияти мудофиави шикастнопазир гардид. Галабаи комил ва катъии сотсиализм дар СССР чамъбасти асосии фаъ-олияти револютсионию дигаргунсозандаи халки совети дар тахти рохбарии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС мебошад. Партия вазифахои муайянкардаи Программаи 2-юми худро ичро намуд.

 

Съезди 22-юми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС Программаи нав кабул кард, ки дар он роххои асосии сохтмони коммунисти дар СССР муайян карда шудаанд: барпо намудани базаи модди-техникии коммунизм, инкишоф додани муносибатхои коммунистии чамъияти, тарбияи одами нав — бинокори фаъоли чамъияти коммунисти. « Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС вазифаи дорои ахамияти умумичахонии таърихи мегузорад, ки дар Иттифоки Совети дарачаи назар ба хар мамлакати капитализм баландтари зиндагони таъмин карда шавад» (Программаи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, Душанбе, 1970, сахифаи 94).

Барои халли бомуваффакияти Вазифахои тараккиёти сотсиали ва ик-тисодии СССР Пленуми июни (1983) Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, ки масъалахои актуалии кори идеологи, оммавию сиёсии партияро мухокима кард, ахамияти калон дорад.

«Тамоми кори идеологи, тарбияви, пропагандистиамонро катъиян ба дарачаи он вазифахои бузургу мураккабе бардоштан зарур аст, ки онхоро партия дар просесси такмил додани сотсиализми баркамол, ичро мекунад»,— гуфта буд Ю. В. Андропов (Материалхои Пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, 14—15 июни соли 1983, Душанбе., 1983, сахифаи  6—7). Дар карорхои съездхои 23—26-ум ва Пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС вазифахои сохтмони коммунисти мутобики шароити хозираи тараккиёти чамъияти совети, имкониятхои реали, ресурсхои модди, мехнати, молияви ва вазъияти байналхалки аник муайян карда шудаанд. Партия чидду чахди халкро барои боз хам инкишоф ва такмил додани структураи сотсиали, ташкилоти сиёси, хаёти маънавии чамъияти мутараккии сотсиалисти, барои барпо намудани базаи модди-техникии коммунизм дар асоси’тараккиёти илм ва техника, механизатсия ва автоматизатсия, афзоиши мунтазами хосилнокии мехнат, баланд бардоштани самаранокии истехсолот равона мекунад.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС рохбари сиёси, ташкилотчи ва мураббии халки совети мебошад. Партия, ки дар системаи сиёсии чамъияти мутаракки сотсиалисти чои асосиро ишгол мекунад, самт, рохи ягонаи фаъолияти хамаи органхои давлати ва ташкилотхои чамъиятиро муайян менамояд. Роли рохбаронаи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар Давлати Совети дар моддаи 6 Конститутсияи СССР сабт гардидааст. Партия эхтиёчоти хамаи синфхо ва табака, ачоли, манфиатхои хамаи миллат ва халкиятхо, хамаи наслхоро ба эътибор мегирад. Ин хол боиси партияро тараф-

дори намудани халки совети мегардад.

Сиёсати берунии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аз инки-шоф додан ва мустахкам намудани харакати коммунисти дар тамоми чахон, аз фарохам овардани шароити мусоиди байналхалки барои сохтмони коммунизм дар СССР иборатаст. Сиёсати берунии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар принсипи интернатсионализми пролетари ва принсипи хамзистии осоиштаи давлатхои сохти чамъиятиашон гунотун карор меёбад. Хамзистии осоишта маънои катъ кардани муборизаи идеологияхои коммунисти ва империа-листиро надорад.

“Мувозинати харбию стратегии байни сотсиализм ва империализм,— кайд мекунад Ю. В. Андропов,— ба хамзистии осоишта объективона мусоидат мекунад. Ноил шудан ба ин мувозинат — яке аз мухимтарин натичахои дахсолахои охир мебошад» (Материалхои Пленуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, 14—-45 июли соли 1983, Душанбе, 1983 сахифви 24). Партия дар хар як давра вобаста ба шароит программаи амалиёти сиёсати берунии худро бо диккат кор карда мебарояд. Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар рохи ичрои Программаи сулх, ки Съезди 24-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС кабул ва съездхои 25—26-уми Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС онро инкишоф дода аст,. фаъолияти харчонибаи сиёсати беруниро вусъат медихад, ки ба туфайли он принсипи хамзистии осоишта, сарфи назар аз мукобилияти якравонаи реаксияи империалисти дар арсаи байналхалки беш аз пеш эътироф карда мешавад. Саъю кушиши Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС-ро, ки барои паст кардани шиддати вазъияти байналхалки ва бо (рохи гуфтушунидхои осоишта хал намудани масъалахои бахсталаби байни давлатхо равона шудааст, тамоми куввахои прогрессиви дастгири мекунанд.

Сиёсати дохилии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба татбик намудани прогресси иктисоди ва сотсиали дар СССР нигаронда шудааст. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба таъмия намудани суръати баланди тараккиёти хочагии халк., фарохам овардани шароити бемайлон баланд бардоштани дарачаи модди ва маданни халки совети ахамияти калон медихад. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС сиёсати тезонидани прогресси илми-техникиро чори намуда, дар сохахои мухимтарини саноат ташикилотхои партиявиро мустахкам намуд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС барои барпо намудани базаи модди-техникии (коммунизм дар шароити чамъя-яти сотсиализми мутаракки вазифахои зеринро ба миён мегузорад: хосилнокии мехнат мунтазам баланд бардошта шавад; комёбихои револютсияи илми- техники бо афзалиятхои системаи сотсиалистии хочаги узван пайваст карда шаванд; системаи баландгири ва идоракунии хочагии халк такмил дода шавад; иштироки оммаи халк дар идоракунии давлат вусъат дода шавад; илм, адабиёт ва санъат инкишоф дода шавад; кобилияти мудофиавии СССР мустахкам карда шавад. Партия дар рафти ичрои карорхои Съездхои 25—26-ум ба идоракунии иктисодиёт. бехтар намудани кори баплангири диккати калон медихад, механизми хочагидориро такмил медихад, кооперасия ва шаклхои самарабахши махсусгардониро дар саноат ва хочагии кишлок вусъат дода, робитаи иктисоди ва илми-техникиро бо мамлакатхои сотсиалисти васеъ мекунад. Фаъолияти . Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар сохаи азнавсозихон сотсиали ба он нигаронида шудааст, ки барои ба хам наздикшавии синфи коргар, дехконони колхози, интеллигенсия, тадричан бархам хурдани фаркияти куллии байни шахру кишлок,. байни мехнати фикри ва чисмони ёри расонда шавад. Партия кайд мекунад, ки мавкеи асоси дар чамъияти совети, дар сохтмони коммунисти чун пештара ба синфи коргар тааллук дорад. Дар рафти сохтмони коммунисти мавкеъ ва масъулияти партия умуман ва хар як коммунист шахсан меафзояд.Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар сафхои худ намояндагони хамаи миллатхо ва халкиятхои СССР-ро муттахид мекунад, ин партияи интернатсионализми пролетари мебошад. Интернатсионализми пролетари, ки бо ватандустии совети узван пайваст аст, кисми таркибии чудонашавандаи чахонбинии партия мебошад. Интернатсионализм асоси программаи миллии ленини гардид, ки татбики он дар тараккиёти пуравчи икимсодиёт ва гулгулшукуфии маданияти хамаи республикахои совети, дар барпо шудан ва таракки ёфтани иттифоки ягонаи сермиллати онхо, ки такягохи дусти ва бародарии хамаи халкхои чахон гардидааст, ифода ёфтааст. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба мохияти интернатсионалии синфи коргар такя намуда, ба он муваффак гардид, ки дар мехнати муштарак, дар мубориза бахри сотсиализм ва дар набардхои мухофизати он муносибатхои нави мутаносиби байни синфхо ва гуруххои сотсиали, миллатхо ва халкиятхо — муносибатхои дусти ва хамкори ба вучуд омаданд, умумияти нави таърихии одамон — халки совети ташаккул ёфт.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС партияи коммунизми илми мебошад. Дарки иазариявии ходисхои хаёти чамъияти, тамоюлхои асосии он ба Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС имкон медихад, ки рафти просессхои чамъиятиро пешбини кунад, самти дурусти сиёсиро кор карда барояд. Партия дар бораи инкишофи марксизм-ленинизм, тозагии он, дар бораи бо амалияи сохтмони коммунисти узван пайвастани назарияи коммунизми илми доимо гамхори мекунад. Кори идеологии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аз тарбияи ‘коммунистии одамони совети, аз бартараф намудани бокимондахои акида ва урфу одатхои буржуази иборат аст, пар-

тия ба рафти тараккиёти чамъияти таъсири  фаъолона мерасонд.

Тачрибаи таърихии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС барои фаъолияти дигар партияхои коммунисти, ки онро эчодкорона кабул ва истифода мекунанд. ахамияти калон дорад. Партияи револютсионии марксистии типи нав, ки онро Ленин барпо намудааст, дар харакати байналхалкии коргари давраи нав кушод. Партияи болишевикон аз рузи ташкил шуданаш хамчун отряди  чанговари харакати байналхалкии коммунисти амал мекунад. Бо саъю кушиши болшевикон назарияи ленинии империализм ва револютсияи сотсиалисти дастраси пролетариат чахон ва асоси идеявие гардид, ки асосгузорни ояндаи партияхои коммунистти мамлакатхои гуногун дар заминаи он муттахид гаштанд.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар рохи ичрои вазифаи интернатсионалии худ барои галабаи сотсиализм дар тамоми чахон тамоми кори аз дасташ меомадагиро дар як мамлакат кард: диктатураи пролетариатро баркарор карда, такягохи револютсияи чахониро барпо ва мустахкам намуд, бо ибрати худ ба просессси муттахидошавии харакати байналхалки таъсири халкунанда расонд. Гуруххои марксистии револютсиони дар асоси ленинизм ба партияхои мустакил аз чихати идеяви ва ташкили ба расмият даромаданд ва мут-тахид гардиданд. «Болшевизм барои Интернатсионали 3 … асосхои идеяви ва тактики ба вучуд овард». (Владимир Илич Ленин, Асос.,, чилди- 28, сахифаи 316). Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС, ки тачрибаи «бузурги харчони-ба дорад, ба баркарор ва мустахкам шудани партияхои коммунистии дигар мамлакатхо ёри мерасонд ва мерасонад, муборизаро барои ягонагии харакати коммунистии чахон кать намекунад. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС барои муттахид намудани хамаи куввахои прогрессиви ва зиддиимпериалисти собиткадамона кор мебарад. Макоми СССР дар арсаи байналхалки шаходати пешохангии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аст.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС яке аз отрядхои харакати коммунисти буда, ба проблемахои коммунизми чахони, масъалахои назариявии муборизаи револютсиони ва тараккиёти сотсиалисти диккати калон медихад. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС барои мубодилаи тачриба, афкор, барои кор карда баромадани рохи ягонаи сиёсии муборизаи зидди империализм вохурихои дутарафа ва бисёртарафаи хайатхои вакилони партияхои коммунисти, мачлисхои машваратии регионали (нохияви) ва маклисхои байналхалкиро истифода мебарад. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба рохх генералии харакати коммунистии  чахони, ки классикони марксизм-ленинизм муайян кардаанд, содик аст, барои тантанаи присипхои ленинии муносибати банки партияхо мубориза мебарад. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС барои ноил шудан ба ягонагии амалиёти партияхои коммунисти дар муборизаи зидди империализм саъю кушиш( мекунад, вусъат додани алокахои байни партияхоро тарафдори менамояд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС тозагии марксизм-ленинизмро химоя мекунад, ба хама гуна ревизихнистхо, догматикхо ва шовинистии онхо зарбаи катъи мезанад, ба мукобили мукаррароти идеявии зиддиленинии маочиён, ба мукобили сиёсати гегемонистии шовинистии онхо муборизаи оштинопазир мебарад.

Ахамияти Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС бо сахми ба махзани прогресси инсоният гузаштааш муайян мегардад. Аз хамаи чараён ва партияхои сиёсие, ки ба рохбарии просесси таърихи даъво доштанд, Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аввалин шуда асоснокии илмии программаи худро дар амал исбот намуд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС асосхои стратегия на тактикаи револютсиониро кор карда баромад. пролетариати бошуурро дар асоси идеяхои марксизм муттахид кард, муваффакияти муборизаи револютсиониро дар Россия таъмии намуд, ба суи азнавсозихои демократи ва сотсиалисти дар тамоми чахон рох кушод.

Тачрибаи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар бобати тайёр кардан ва гузаронидани револютсияи сотсиалисти, ба амал баровардани сохтмони сотсиалисти ахамияти оламшумули таърихи дорад, ки он таълимоти марксисти-лениниро дар бораи мавкеи пролетариат дар озод намудани тамоми мехнаткашон ва мазлумон, таълимоти марксисти-лениниро дар бораи он ки синфи коргар вазифаи таърихии бунёд кардани чамъияти навро танхо бо оммаи мехнаткаши гайрипролетари, дар навбати аввал бо дехконони мехнаткаш иттифоки зич баста ичро карда метавонад, пурра тасдик намуд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аввалин бор дар таърих асосхои илмии тараккиёти иктисодиётро кор карда баромад, ба ташкили системаи плании хочагии халк, рохбари кард, ки ин барои СССР-ро дар муддати кутохтарин ба давлати пурзури чахон табдил додан имконият дод ва бо хамин бартарии сотсиализмро бар капитализм намоиш дод. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар муносибатхои байналхалки рохи принсипан нав кушод. Декрети ленини дар бораи сулх, ки чангро чинояти азими зидди инсоният эълон кард, ба сиёсати тачовузкоронаи империализм сиёсати сулхдустонаи фаъолонаи сотсиализмро мукобил гузошг. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар тачрибаи СССР исбот намуд, ки сотсиализм ва сулх чудонашавандаанд. Программаи Сулх,  ки Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС кор карда баромадааст, тачассуми зиндаи принсипхои ленинии сиёсати берунии замони хозира мебошад. Дар муборизаи зидди идеологияи буржуази ва ревизионисти ас-лихаи тавоно будани агитасия ва пропагандаи  партияви ахамияти калон дорад. Кори идеологии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ба рафти тараккиёти чамъияти таъсири калон мерасонад. Муассисаи асосии илмии партия Институти марксизм-ленинизм дар назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС мебошад, ки он дар хамаи республикахои иттифоки, дар Москва ва Ленинград филиалхо дорад.

Партия системаи маорифи сиёси ташкил кардааст, ки он муттасил такмил меёбад. Соли 1978 дар системаи омузиши партияви 22 миллион  нафар коммунистон ва бепартиявиён тахсил карданд. Хамаи коммунистон кори оммави-сиёси мебаранд. Кори оммави-сиёси дар асоси ба мехнаткашон аз хаёти сиёси, иктисоди, мадании мамлакат ва ахволи байналхалки ахбороти васеъ додан сохта мешавад. Бо ин максад дар ташкилотхои партияви гуруххои ахборотчиёни сиёси ташкил карда мешаванд. Мактабхои мехнати коммунисти ва университетхои халки, университетхои марксизм-ленинизм кушода шуданд; партия онхоро воситаи пропагандаи марисизм-ленинизм, сиёсати Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ва Давлати Совети медонад. Пропагандаи лексиони торафт вусъат меёбад, ки барои он дар назди комитетхои партияви гуруххои лектории гайриштати ташкил карда мешаванд. Баромадхои коркунони рохба-рикунандаи партияви, совети ва хочаги дар назди мехнаткашон ахамияти калон доранд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар бобати баланд бардоштани дарачаи идеявию назарияви, сифатхои сиёси ва кордонии коркунони партияви ва совети доимо гамхори мекунад. Соли 1978 дар асоси Мактаби олии партияви, Академияи илмхои чамъиятшиноси ва Мактаби олии партиявии гоибона, мактаби ягонаи сифатан нав — Академияи илмхои чамъиятшиносии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ташкил карда шуд. Академияи илмхои чамъиятшиноси бояд маркази асосии таълими, илмию методии тамоми системаи тайёр намудани коркунони партияви, совети ва идеологи гардад.

 

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар силсилаи воситахои таъсири идеяви-сиёси ба омма ба муассисахои маданию равшаннамои — китобхонахо, клубхо» театрхо, кинотеатрхо ахамияти калон медихад.

Аз давраи Револютсияи Октябр инчониб партия тамоми системаи маорифи халки мамлакатро ба хизмати тарбияи коммунист гузоштааст.

Дар просесси сохтмони сотсиалисти ва кори идеологии партия шуури одамони совети ба кулли тагйир ёфтааст. «Револютсияи мо дар нихояти кор ба он сабаб аз хамаи револютсияхои дигар хеле пеш гузашта рафт, ки вай даххо «миллион одамони пештар дар сохтмони давлати манфиатдор набударо ба воситаи Хокимияти Совети ба иштироки фаъолона дар ин сохтмон ба по хезонд». (Владимир Илич Ленин, Асос, чилди31, сахифаи 539). Идеологияи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар баробари галабаи сотсиализм идеологияи тамоми халки совети гардид, Чамъияти совети дар чунин давраи тараккиёт мебошад, ки дарачаи шуурноки, дониши илми, маданияти тафаккур, мехнат ва одобу рафтор ба тараккиёти куввахои истехсолкунанда, такмили муносибатхои чамъияти торафт бештар таъсири фаъолона мерасонанд. Мавкеи шуур чун конунияти тараккиёти форматсияи коммунисти баландтар мегардад.

Дар байни мехнаткашон ташкилотхои ибтидоии партияви бевосита кор мебаранд, ки онхо аз руи аломатхои территориявию истехсоли ташкил карда мешаванд. Онхо оммаи халкро дар атрофи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС муттахид намуда, онхоро барои ба хаёт татбик кардани карорхои партия сафарбар мекунанд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС рохбарии сиёсиро ба Советхои депутатхои халки, иттифокхои касаба, комсомол, кооперасия ва дигар ташкилотхои оммави ба воситаи гуруххои партиявии ин ташкилотхо ба амал мебарорад. Комитетхои партияви кори ташкилотхои алохидаро хар сари чанд вакт мухокима мекунанд; органхои болоии партияви хисоботи органхои поёнии партиявиро мешунаванд, дар карорхои худ тачрибаи гуншударо чамъбаст, камбудихоро ошкор карда, барои оянда маслихатхо медиханд. Яке аз шаклхои рохбари аз руи масъалахои мухимтарини кор кабул намудани карорхои якчояи органхои партияви ва совети (иттифоки касаба, комсомол) мебошад. Комитетхои партияви ба ивтихоб намудаи, чо ба чо гузоштан ва тарбия кардани кадрхо дар ташкилотхои оммави таъсир мерасонанд, дар ташкили органхои интихобии фаъол ба онхо ёри мекунанд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС талаби ленинии ягонагии тафтиш ва ташкили ичроро ба рохбари гирифта, ба кори органхои назорати халки рохбари мекунад, ба кори онхо аз руи сари вакт бартараф кардани камбудихо бахо медихад.

Шарти хатмии фаъолияти Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ягонагии идеяви ва ташкили мебошад, Хамаи коммунистон дар муайян кардан ва ба амал баровардани рохи сиёси иштирок мекунанд, хамаи органхои рохбарикунандаи партия интихоби, хисоботдиханда ва ивазшаванда (давра ба давра) мебошанд. Мачлисхои хисоботии партияви, конференсияхои партияви ва съездхо хатман мувофики мухлатхои мукарраркардаи Устави Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС гузаронида мешаванд. Рохбарии кол-лективиро органхои партияви ифода мекунанд ва ба хайати онхо коммунистоне интихоб мешаванд, ки аз чихати идеяви ва сиёси обутоб ёфтаанд ва кобилияти ташкилоти доранд.  Иктисодиёт, сиёсат, хаёти чамъиятии хозира чунон муракка-банд, ки онхоро танхо хиради тавонои коллективона саришта карда метавонад. Бинобар ин маслихати мутахассисон, олимон, зимнан мутахассисон, олимони натанхо як равия ва ё як мактабро гуш кардан лозим, бо халк маслихат карда та-вонистан даркор, то ки аз хама гуна кач рафтанхо кабули карорхои хому хаталаи зураки амин бошем».

Роли партия дар сохтмони коммунизм ба инкишофи демократияи дохилипартияви алокаманд аст.

Хусусиятии мухими фаъолияти Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС ошкорбаёни аст. Комитети Марказии органхои махаллии партияви, фаъолон, хамаи коммунистонро аз масъалахои мухимтарини кори партия мунтазам огох мекунад. Комитетхои партияиии райони, шахри, вилояти ва ко-митетхои партиявии кишвари, дар даврахои байни конференсияхо дар мачлисхои фаъолони партияви, дар ташкилотхои ибтидоии партияви аз фаъолияти худ хисобот медиханд. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дар бобати харчониба вусъат додани танкид ва худтанкидкуни кор бурда, танкид  ва худтанкидкуниро воситаи тарбияи коммунистон дар рухи масъулиятнокии баланд барои такдири партия ва мамлакат медонад.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС принсипи ленинии аъзоии партияро катъиян риоя мекунад. Хар як гражданини СССР, ки Программа ва Устави партияро эътироф мекунад, дар сохтмони коммунизм фаъолона иштирок менамояд, дар яке аз ташкилотхои партияви кор мекунад, каарорхои партияро ичро намуда, аъзохакки месупорад, метавонад аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС шавад. Хар шахси ба сафи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС дохилшаванда стажи номзадиро (1 сол) мегузарад, ки баъди он дар мачлиси умумии ташкилоти ибтидоии партияви ба аъзои кабул мешавад. Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС принсипи интихоби индивидуалиро риоя карда, ба сафхои худ танхо шахсони сазовортаринро кабул мекунад. Ташкилотхои партияви нисбат ба шахсони ба партия дохилшаванда доимо серталабанд.

Асоси Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС-ро ташкилотхои иб-тидоии партияви ташкил мекунанд. Органи олии онхо — мачлиси партияви. Ташкилотхои махаллии партияви (республикави,’ кишвари, вилояти, округи, шахри ва райони) кисми таркибии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС мебошанд, ки тамоми территорияи СССР-ро дарбар мегиранд. Онхо сиёсати партияро ба амал мебароранд, ичрои директивахои органхои олии онро ташкил ва ба амал татбик, менамоянд. Органи олии ташкилоти махалли  конференсияи партияви (дар республикахои иттифоки — съездхои Партияи Коммунисти ё мачлиси умумии коммунистон мебошад. Онхо комитетхо интихоб менамоянд, ки онхо ба кори ташкилоти мазкур рохбари мекунанд. Органи олии партия, ки ирода, максад ва вазифахои онро ифода мекунад, съезди Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС мебошад, ки он дар 5 сол як маротиба даъват карда мешавад.

Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС хакики будани таълимоти марксизм-ленинизмро дар бораи револютсияи сотсиалисти, диктатураи пролетариат сохтмони сотсиализм ва коммунизм, дар бораи мавкеи калон дош-тани Партияи коммунисти дар кори барпо намудан ва таракки додани чамъияти сотсиалисти дар  амал исбот намуд; таълимотро дар бораи бошуурона, дар асоси дарк намудан ва истифода бурдани конунхои объективии тараккиёти чамъият барпо намудани формасияи коммунсти чори кард; хусусияти умумии конунхои асосии сохтмони сотсиалисти ва ба хусусиятхои хоси шароити дохили вобаста будани шаклххои зухуроти онхоро кушода дод. Тачрибаи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС манбахои беинтихои куввахои харакати коммунистиро зохир кард: садокат ба мармсизм-ленинизм, аз чихати илми асоснок будани сиё-сат, махорати мувофики тагйироти шароит ба хаёт гузарондани он, бо оммаи мехнаткашон алокаи зич доштан. Ин тачриба таълимоти (марксизм- ленинизмро дар бораи тараккиёти чамъият дар давраи ба сотсиализм гузаштан бой гардонд; ба дасти партияхои бародар системаи санчидашудаи шаклу усул ва воситахои азнавсозии револютсионии чахонро дод, идеяхои коммунизмро ба кувваи маглубнашаванда мубаддал гардонд.

 

САНАХОИ СЪЕЗДХО ВА КОНФЕРЕНСИЯХОИ КПСС

 

Съезди 1-уми РСДРП 1—3 (13—15) марти 1898, .Минск.

 

Съезди 2-юми РСДРП 17 (30) июль— 10 (23) а<вг. 1903, Брюссель—Лондон.

 

Съезди З-юми РСДРП 12—27 апр.

 

(25 апр.— 10 мая) «1905, Лондон. Конференцияи 1-уми РСДРП 12—17 (25—30) дек. 4905, Таммерфорс. Съезди 4-уми (муттахидкупавдаи) РСДРП 10—25 апр. (23 апр—8 май) 1906, Стокгольм. Конференцияи 2-юми РСДРП («1-уми умумироссиягй») 3—7 (>16—20) ио-яб. 1906, Таммерфорс.

 

Съезди 5-у.мя (лондонии) РСДРП 30 апр. — 19 май (13 май —1 июнь) 1907, Лондон.

 

Конференцияи З-юми РСДРП («2-юми умумироссияги») 21—23 июли (3—5 авг.) 1907, Котка (Финляндия).

 

Конферепцияи 4-уми РСДРП («3-кхми умумироссияги») 5—*12          (18—25)

 

нояб. 1907, Гельсингфорс. ? Конференцией 5-умн РСДРП (уму-мироссиягй) 21—27 дек. 1908 (3— 9) янв. 1909, Париж.

 

Конференциям 6-уми (прагагии) у мумироссияги и РСДРП 5—47 (18 —30) янв. 1912, Прага. Конференцияи 7-уми (апрелии) уму* мироссиягии РСДРП (б) 24—29 апр. (7—12 май), 1917, Петроград. Съезди 6-уми РСДРП (б) 26 июль — 3 авг. (8—16) авг. 1917, Петроград.

Съпзди 7-уми таъдилии РКП (б) 6—

 

8 марти 1918, Петроград.

 

Съезди 8-ум к РКП (б) 8—23 марти 1919, Москва.

 

Конференция!! 8-ум и умумироссия-гии РКП (б) 2—4 дек. 1919, Москва.

 

Съезди 9-уми РКП (б) 29 март — 5 апр. 4920, Москва.

 

Конференцияи 9-уми умумироссия-гпи РКП (б) 22—25 сент. 1920, Москва.

 

Съезди 10-уми РКП (б) 8—16 марти 1921, Москва.

 

Конференцияи 10-уми умумироссия-гии РКП (б) 26—28 май 1921, Москва.

 

Конференцияи 11-уми умумироссия-гии РКП-(б) 19— 22-юми дек. 1921,

 

Съезди 11-уми РКП (б) 27 март —

 

2 апр. 1922, Москва.

 

Конференцияи 12-уми умумироссия-гии РКП (б) 4—7 авг. 1922, Москва.

 

Съезди 12-уми РКП (б) 17—25 апр.

 

1923, Москва.

 

Конференцияи 13-уми РКП (б) 16—

 

18 янв. 1924, Москва.

 

Съезди 13-уми РКП (б) 23—31 май 4924, Москва.

 

Конференцияи 14-уми РКП (б) 27— 29 апр. 1925, Москва.

 

Съезди 14-уми ВКП (б) 18—31 дек.

 

1925, Москва.

 

Конферепцияи 15-уми ВКП (б) 26 окт. — 3 нояб. 1926, Москва.

 

Съезди 15-уми ВКП (б) 2—19 дек.

 

1927, Москва.

 

Конференцияи 16-уми ВКП (б) 23—29 апр. 1929, Москва.

 

Съезди 16-уми ВКП (б) 26 июнь — 13 июли 1930, Москва. Конференцияи 17-уми ВКП (б) 30 янв. — 4 февр. .1932, Москва.

 

Съезди 17-уми ВКП (б) 26 янв.— 10 февр. 1934, Москва.

 

Съезди 18-уми ВКП (б) 10—21 марти 1939. Москва.

 

Конференцияи 18-уми ВКП (б) 15— 20 февр. 1941, Москва.

 

Съезди 19-уми КПСС 5—14 окт. 1952, Москва.

 

Съезди 20-у м и КПСС 14—25 февр.

 

1956, Мофсва.

 

Съезди 21-умн (гайринавбатии) КПСС 27 япв.—5 февр. 1*959, Мос-нва.

 

Съезди. 22-юми КПСС 17—31 окт.

 

1961, Москва.

 

Съезди 23-юми КПСС 29 март —8 апр. 1966, Москва.

 

Съезди 24-уми КПСС 30 март — 9 апр. 1971, Москва.

 

Съезди 25-уми КПСС 24 февр.—5 марти 1976, Москва.

 

Съезди 26-уми КПСС 23 февр.—3< марти 1981, Москва.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.