Маълумоти охирин
Главная / Илм / Палеоботаника

Палеоботаника

Палеоботаника (аз палео… ва ботаника) палеофитология, як сохаи ботаникаро гуянд, ки растанихои хафриёти (мурдарафта)-ро меомузад. Вазифаи Палеоботантка масъалахои хаматарафаи тадкики набототи гузаштан геологи, классификатсияи онхо, мукаррар намудани муносибатхои хешии ин растанихо байни худ ва бо растанихои хозира, ошкор намудани пахншавии онхо дар руи Замин, инчунин конуниятхои иваз шудани набототи руи Заминро дарбар мегирад. Палеоботантка ва палеозоология якчоя палеогнтологияро ташкил медиханд. Палеоботаникаи систематики, Палеоботаникаи мор­фологи, Палеоботаникаи флористи, палеоэколо­гия кисматхои асосии Палеоботаникаанд.

Палеоботаникаи систематик и систематикаи набототи гузаштаи геологиро, Палеоботаника морфологи сохти онхоро, Палеоботаникаи флористи флораи ин ё он махалро дар давраи муайян ва зохир намудани чихатхои муштарак ва ё фарккунандаи онро аз флораи дигари хамсин, палеоэкология ша­роити зиндагии набототи гузаштаро меомузад. Маълумотхое. ки хар яке аз ин кисматхо ба даст меорад, дар просесси тадкикот, кисматхои дигар истифода мебаранд.

Ба илмхои мустакил чудо кардани Палеоботаника ба дарачаи то давраи мо дар кадом холат омада расидани набототи кадима ва ба кадом узви растани (барг, мева, тухм, спора, гард, чуб ва гайра) мансуб будани онхо вобаста аст. Илме, ки асосан накши баргу поя ва дигар кисмхои растанихои хафриётиро меомузад, и х т и о ф и т о л о г и я (аз юн. ichinos — накш, пай, бокимонда) ном дорад. Эпидермаро п а л е о с т о м а т о г рафия (аз юн. Мота — сурохи), меваю тухм ва чапинро п а л е о д и а с и о р о л о г и я, спораю гардро палеопалинол о г и я, чубро палеоксилоло гия (аз юн. хуlоn — дарахт), занбуругхоро палеомикология ва гиёххои бахриро п а л е о ф и к о л о г и я (аз юн. phikos — гиёхи бахри) меомузад.

Бокимондаи растанихои хафриёти дар шакли порахои санггаштаи чуб, накши баргхо, кахрабо ва гайра аз кадимулайём маълуманд. Дар охири асри 17 ва асри 18 диккати тамоми мухакиккон ба муайян кар­дани растанихои хафриёти бо рохи бо растанихои хозира мукоиса намудани онхо ва тартиб додани таснифоти типхои бокимондаи растанихо нигаронида шуда буд. Дар ибтидои асри 19 Э. Ф. Шлотхейм, К. М. Штерн­берг, А. Броньяр ва дигарон ба Палеоботаникаии муосир ва таснифоти растанихои хафриёти асос гузоштанд. Дар пешрафти Палеоботаникаи ватани Я. Г. Зембинский сахми калон дорад. У дар асархои худ растанихои хафриётии маълум ва усулхои гуногуни Палеоботаникаро баён намуд. Дар ривочу равнаки Палеоботанткаи рус ва совети бошад, тадкикоти Э, И. Эйхвалд, К. Е. Мерклин, И. Ф. Шмалгаузен, М. Д. Залесский, А. Н. Криштофович ва дигарон роли калон бозиданд.

Дар РСС Точикистон тадкикоти палеоботаники солхои 30 огоз ёфт, ки он ба коркарди натичахои эксиедисияи комплексии омузиши сарватхои табиии республика зич алокаманд аст. Соли 1941 дар назди Филиали точикистонии Институти ботаникаи АФ СССР шуъбаи Палеоботаника кушода шуд. Авва­лин тадкикоти палеоботаникхои рес­публика ба омузиши растанихои ме­зозой кадим ва мезозой, инчунин флораи хавзаи ангиштсанги Фонягноби давраи Юра бахшида шуда буд. Дар ибтидои солхои 40 А. Н. Криштофович флораи кабатхои болоии давраи неогени Дарвозро баён намуд. Аз солхои 50 флораи давраи неоген ва антропогени мавзеъхои гуногуни республика мавриди тадкик карор гирифтаанд.

Палеолитии муосир дар баробари хал намудани масъалахои умумии назарияви ва амалии биологияю геология, инчунин таксонхои алохидаи растанихои хафриётиро меомузад ва таърихи олами набототи руи заминро тадкик менамояд. Асархои илми оид ба Палеоботаника дар СССР дар «Ботанический журнал СССР» (аз 1916), «Палеонто­логический журнал» (аз 1959) ва дигар нашрияхои даври чоп мешаванд. Дар назди Чамъияти умумнит- тифокии ботаникхо ва Чамъияти умумииттифокии палеоптологхо сексияи Палеоботаника вучуд дорад.

Ад.: Криштофович А. Н., История палеоботаники в СССР. Л., 1956; О в ч и н н и к о в П. Н„ Лазарева М. С., Новые материалы по неогеновой флоре Памиро-Алан, «Пав. АН Таджик­ской СССР, отд. биол. наук», в. 2 (9), 1962; Флора и растительность ущелья реки Варзобу Л., 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …