Пак Чи Вон (тахаллус Ё н а м; 5. 3. 1737, Сеул — 10. 12. 1805, хамон чо), нависанда ва мутафаккири Корея, бузургтарин намояндаи харакати сирхакиха (равияе дар афкори чамъиятии охирхои асрхои миёнаи Корея, ки бар зидди схоластикаи конфусиячиги тавассути таргиби дониши хакики — сирхак мубориза мебурд). Аз оилаи ашрофи начандон давлатманд. Аввалин шуда гояхои сирхакро дар адабиёти бадеи чори намудааст. 7 новеллаи нахустинаш бо иловаи «Гуфтор дар васфи Кван Мун» (такрибан 1754) дар мачмуаи насрии «Таърихи гайрирасмии павилон» Пангёнгак» гирд омадаанд.
Нависаидаи хакикатнитор дар эчодиёташ нуксонхои чамъияти феодалиро фош карда («Гуфтор дар бораи янбан»), кафомонии иктисоди ва мадании ин чамъиятро зери танкиди сахт мегирад. Дар байни асархон дигари Пак Чи Вон «Рузномаи Жэхэй» (26 китоб, солхои 80 асри 18) мавкеи намоён дорад, ки ёддошти сафари у ба Хитой (1780) аст. Пак Чи Вон чунин мешуморид, ки барои некуахволии халк донишхои илми ва тачрибаи дигар мамлакатхоро омухта истифода кардан зарур аст.
Дар новеллаи романи «Набарди паланг» махорати хачвнигорни у равшан акс ёфтааст. Нуктаи олии эчодиёти Пак Чи Вон «Киссаи Хо Сэн» аст, ки нависанда дар он чамъияти хаёлии бесинфро тасвир намудааст. Ашъори лирикии фалсафи ва манзаравии Пак Чи Вон саршори хисси ватандустию умед ба ояндан дурахшон аст. Дар маколахои адабии танкидиаш ахамияти чамъияти ва тарбиявии адабиётро таъкид кардааст. Соли 1957 Совети Умумичахонии Сулх 220-солагии рузи таваллуди Пак Чи Вонро чашн гирифт.