ПРОТОТИП (аз юнони protоtypon— манбаи тип, нахустсимо), шахси вокеии муосир ё таърихи, ки барои ба вучуд овардани образ ё типи мукаммали бадеи ба нависанда хизмат мекунад. Шахси вокеи дар тасвири бадеи на ба сурати асли, балки бо хислату хусусиятхои мукаммалтару пурратаро тасвир ме ёбад. Образи бадеие, ки зимни лахзахои хаёт, мехнат ва муборизаи шахси вокеи офарида шудааст, хамеша аз Прототип фарк хохад кард. Аз чумла Прототипи кахрмони асосии романи Ч. Икроми «Духтари оташ»— Фируза Саломат Чахонгирова мебошад.
Дар «насри хуччати» хадалимкон ба прототип «наздик шудан» дида мешавад, вале дар ин холат хам байни кахрамон ва Прототип фаркият боки мемонад («Обутоб ёфтани пулод»-и Н. Островский) .
Ад.: А н д р о к и н о в а М. И., От прототипа и образу, М., 1974.