Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОТИВОГАЗ

ПРОТИВОГАЗ

ПРОТИВОГАЗ, чихозест барои аз таъсири моддахои радиоактиву захролудкунанда, воситахои бактериали ва дигар гашхои зарарноки таркиби хаво химоя намудани узвхои нафаскаши ва чашму руи инсон. Противогаз аз руи принсипи химоя ду хел мешавад: софи, ки хангоми нафаскаши хаворо аз гашхои зарарнок соф (филтр) мокунад ва ирбити, ки  узвхои нафаскаширо пурра аз мухити беруна чудо (изолятсия) ме­намояд.

protivogas

Противогази софиро соли 1916 химики рус Н. Д. Зелинский ихтироъ кард. Нусхаи хозираи Противогази софи аз куттии газсофкуни, никоб ва сумка иборат аст.

Хангоми нафаскаши хавои захролуд ба кутти дохил мешавад. Хаво дар софии аэрозолииаз заррахои аэрозол ва дар кабатхои ангишти хоса аз бугу газхои захролуд соф мешавад. Хавои софшуда бо рудаи васлия ба узвхои нафаскаши меояд. Массаи ин Противогаз кариб 2 кг буда, онро муддати дароз истифода бурдан мумкин аст. Никоби он бо 4 хел андоза бароварда мешавад.

Противогази ирбитиро мавридхое истифода мебаранд, ки Противогази софи узвхои нафаскаширо химоя карда наметавонад. Дар ин Противогазхо одатан пре­паратхои химияви ё оксигени фишурдашуда истифода мешаванд. Аммо дар хар ду холат хам на аэ хавои беруна, балки оксигени куттии регенеративи (аз нав хосилкунии оксиген) нафас кашида мешавад. Массаи Противогаз мавриди истифодаи препаратхои химияви 4— 4,5 кг ва муддати истифодаи он 1—3 соат аст. Дар мавриди истифода бурдани оксигени фишурдашуда массаи Противогаз такрибан 9 кг ва муддати истифодааш 1—2 соат мебошад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.