Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ ТАСОДУФИ

ПРОСЕССИ ТАСОДУФИ

ПРОСЕССИ ТАСОДУФИ (про с есси эхтимоли ё стохасти), просесси бо мурури замон тагйир ёфтани холати ягон систе­маро гуянд, ки вобаста ба иттифоке ба тарзхои гуногун чараён мегирад ва барояш эхтимоли ин ё он чараён мукаррар шудааст. Харакати броуни, чараёни турбулентии газу моеот, чараёнпи электри хангоми дар занчир вокеъ будани флуктуатсияхои бетартиби шиддат ва кувваи чараён (ба истилох шавкунхо), пахноиши радиомавчхо хангоми ногахон катъ гардидани (ба истилох федингхо) радиосигналхо, ки дар натичаи харакати хаво ё ягон халали дигар ба вучуд меояд, мисолхои просесси тасодуфианд. Бисёр просессхои истехсоли, геофизики, физиологи ва иктисоди низ аз чумлаи просессхои тасодуфианд.

processi-tasodufi

Банои дар тадкики Просесси тасодуфи истифо­да бурдаии методхои математики бояд фарз намуд, ки холати лахзавии система ба таври схемави чун нуктаи фазои фазави (фазои хо­латхо) — R ифода ёфтааст.

Назарияи математикии Просесси тасодуфи (хамчунин функсияхои бештар умуми — функсияхои тасодуфии аргументхояшон дилхох) яке аз сохаи мухими назарияи эхтимолият мебошад. Просесси тасодуфи — просессест, ки дар он t дискрети тагйир меёбаду сис­тема танхо вазъиятхои гуногуни охирнокро сохиб мешавад. Инро бо­ри аввал математики рус А. А. Мар­ков (калони) тадкик карда буд. Назарияи Просесси тасодуфии ба вакти бефосила тагйирёбанда вобастаро математикони совети Б. Б. Слутский, А. Н. Колмогоров ва А. Я. Хинчин, математикони америкои Н. Винер, В. Феллер ва Ч. Дуба, математики франсави П. Леви ва математики швед X. Крамер ва дигартадкик ва инкишоф додаанд. Просесси Мар­ков, просессхои тасодуфии статсио­нари, хамчунин як зумра зерсинфхо ва мавридхои умумиятёфтаи ду синфи зикршуда (занчири Марков, просессхои шоха-шоха ва гайра) аз на­били он синфхои Просесси тасодуфиаид, ки беш­тар тадкик шудаанд.

Ад.: Розанов Ю. А.. Случайные просессы, М., 1971; Гихман Н. И.. Скороход А. В., Теория случайных просессов, в 2-х томах, М., 1971—73.

М. Муминов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …