Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРИНСИПИ ЯКДИЛИ

ПРИНСИПИ ЯКДИЛИ

ПРИНСИПИ ЯКДИЛИ дар ТДМ, яке аз принсипхои асосии Устави ТДМ мебошад, ки он барои аз тарафи Совети Амният кабул кардани карор (доир ба хамаи масъалахо, бидуни масъалахои проседури) овоз додани 9 аъзои (то соли 1965—7 аъзо) Совети Амният ва мувофикати овозхои хамаи аъзоёни доимии Совет — СССР, ИМА, Британияи Кабир, Фран­сия ва Хитой (моддаи 27 Устави ТДМ) зарур аст. Ба Устави ТДМ хамаи моддахо, ислоххо ва тагйиротхо бо ризоияти давлатхои бузург дохил карда мешаванд.. Аъзои доимии Со­вети Амният ба хама гуна карори Совет монеъ шуда метавонад (моддаи 27 Устави ТДМ). Аз ин ру, Принсип баъзан маънои хукук ба вето доштани аъзоёни доимии Совети Амниятро дорад.

p-yakdili

Ба зиммаи Совети Амният масъулияти асоси — мухофизати сулху амнияти байналхалки ва таъмини он гузошта шудааст. Совет хукуки кароркабулкуни дорад. Карорхои он барои хамаи аъзоёни ТДМ хатми мебошанд. Аз ин ру, Совети Амният метавонад бар зидди вайронкунандагони сулху амнияти байналхалки чорахои мачбуркунии коллективонаро андешад. Инчунин маъно дорад, ки давлатхои аъзои ТДМ дар таъмини максад ва принсипхои ТДМ, сулху амният ахамияти му­хими ширкати аъзоёни доимии Со­вети Амниятро эътироф мекунанд. Принсипи аъзоёни доимии Совети Амният ба он хакикати сиёсие асос меёбад, ки таъмини хамкории осоиштаи дав­латхои бузург ва амалиёти муштараки онхо рочеъ ба ташкили бехатарии коллективи шарти зарурии таъмини сулхи байналхалки ва за­минаи инкишофи муносибатхои хамкории байни хамаи давлатхо мебошад.

СССР ва дигар мамлакатхои сотсиалисти сиёсати хамзистии осоиштаро бо мамлакатхои сохти ичтимоиашон гуногуи пеш бурда, ба­рои аз тарафи хамаи давлатхо эътироф кардан ва амали гардонда аз он чидду чахд менамояд. СССР дар ТДМ ба мукобили вайрон кардани Принсип мунтазам ва устуворона мубориза мебарад. Давлатхои импе­риалисте бо рохи пешниход кардани таклифхои гайриконуни дар бораи ба зиммаи Ассамблеяи Генерали гузоштани вазифаю ваколатхои Совети Амният принсипхои Принсипро вайрон кардани мешаванд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …