ПРЕФОРМИЗМ (аз лотини praeformo — пешаки ташаккул менамоям), таълимотест, ки дар хучайрахои чинсии организмхо мавчуд будани структураи моддиро меомузад. Структурахои модди дар дохили хучайрахои чинси инкишофи чанин ва аломати организми дар он инкишофёбандаро пешаки муайян месозанд. Таълимоти преформатсия, ки мувофики он организми инкишофёфта гуё дар тухм ё сперматозоид пешаки ташаккул дошт, асоси пайдоиши таълимоти Преформизм гардид. Таълимоти преформатсия дар асрхои 17—18 хело маъмул буд. Назарияи хозираи инкишофи органики дар баробари преформатсияи структурахо омилхои эпигенетикии инкишофро низ ба хисоб мегирад.