ПОСТИМПРЕССИОНИЗМ (аз лотини post — баъди ва импрессионизм), ифодаи шартии мачмуи равияхоя асосии санъати рассомии Франсия дар охири асри 19 ва аввали асри 20. Устодони Постимпрессионизм, ки эчодиёташон аслан ба импрессионизм пайваст буд, аз миёнаи солхои 1880 (замони таназзули ин равия) кушиш мекарданд, ки воситахои тасвирии нав ё ба акидаи худашон, ба замон мувофикро ёбанд; харакат менамуданд, ки эмпиризми тафаккури бадеиро бартараф намуда, аз инъикоси лахзахои чудогонаи хаёт, ки хоси импрессионизм аст, ба тачассуми ягон холати тулонии он (хох маънави ва хох модди) гузаранд. Дар Постимпрессионизм нишонахои таназзули маданияти хамон давраи Европаи Гарби, лахзахои бадалшавии он, чустучую риёзати рассомон дар рохи дарёфти чавдархои гоявию ахлоки акс ёфтаанд. Харчанд як катор чараёнхои Постимпрессионизм (неоимпрессионизм, символизм ва гайра) аз доираи замони худ берун нарафтаанд, вале эчодиёти устодони пешкадами он — П. Сезанн, В. Ван Гог, П. Гоген, А. де Тулуз-Лотрек бо проблема дои ба миёнгузоштаи худ ба таърихи санъати тасвирии асри 20 ибтидо гузоштааст.