Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИВИНИЛХЛОРИД

ПОЛИВИНИЛХЛОРИД

polyvinylchloride

ПОЛИВИНИЛХЛОРИД, [— сн2— СНС1—]n, як навъ полимери синтези, хосилаи полимеризатсияи винилхлорид. Моддаи сахти сафедранг, массаи молекулавиаш аз 6000 то 1600(Х), зичиаш 1350—1430 кг/м3 ; безахр. Поливинилхлорид моддаи хеле мустахкам буда, хосияти хуби механики ва электроизолятсиони (диэлектрики) дорад; ба рушнои ва гарми чандон тобовар нест. Дар кетонхо, эфирхои мураккаб, карбогидридхо кам хал мешавад; ба таъсири нами, кислотахо, ишкорхо, махлули гамакхо, газхои саноати, бензин, карасин ва гайра устувор аст; намесузад ва оксид намешавад. Дар харорати аа 100°С зтёд тачзия шуда, НСl чудо мекунад. Аз Поливинилхлорид дар масса ё суспензия хосилгашта пластмассахои сахт (винипласт) ва мулоим (пластикат) месозанд. Поливинилхлориди эмулсиони бошад, дар истехсоли чарми маснуъ ва пенопластхо истифода мешавад. Аз Поливинилхлорид барои электротехника, саноатхои сабук, хуроквори, мошинсози, киштисози, барои хочагии кишлок, тиб, сохтмон зиёда аз 3000 махсулот ва маснуот хосил менамоянд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …