ПОЛИАМИДХО, полимерхои сиптезие, ки дар молекулаашон гуруххои амидии — СО — NН — доранд. Бинобар ин вобаста ба табиати радикал Полиамидхо алифати ё аромати мешаванд. Полиамидхоро дар саноат асосан аз полимеризатсияи лактамхо ва поликонденсатсияи кислотахои аминокарбонат ва дикарбонат, инчунин эфирхои онхо хосил мекунанд.
Аксари Полиамидхо моддахои сахти шохнамуд ё шишамонанди шаффоф буда, ранги сафед доранд. Харорати гудозиши Полиамидхои алифати аз 150 то 260°С, аромати кариб 400°С ва аз ин хам зиёд аст. Полиамидхо полимерхои дерхурдашаванда буда, ба таъсири гарми ва реагентхои химияви (дар харорати мукаррари об, махлули кислота, ишкор, аминхо ва гайра ба онхо таъсир намекунанд) устуворанд.
Полиамидхоро дар саноат барои истехсоли наххои синтези (наххои полиамиди), плёнкахои электро- ва гидроизолятсиони, инчунин чузъхои мошин (подшипник, втулка, шестерияхо ва гайрахо) истифода мебаранд.