Маълумоти охирин

Овринг

Овринг, рохи тангест дар кухсор. Маъмулан дар камари куххое, ки нишебии он рост аст, сохта ме­шуд. Барои сохтани Овринг багали кухро канда, ба таркиши шах меххои мустахкам мекубанд ва аз болояш шохи буттаву дарахт мепушанд. Дар чойхои душворгузари он пулхои овезон месозанд.

Дар чойхои росту хамвори багали кух зинапояхои баланди овезон мегузоранд. Баъзан ба сари шах меххои калон  мекубанд ва навдахои мустахками каиш халкахо бофта, ба онхо меовезанд. Сипас ба халкахо гулачубхо мехобонанд. Одамон аз болои хамин гула- чубхо мегузаранд. Овринг асосан барои пиёда гузаштани одамон пешбини шудааст.

Дар баъзе чойхо аз Овринг аспу хар низ мегузарад. Сангхои га­лоп, тарма ва гайра Овирингро аз кор мебарорад. Овирингро дар Рушон марза, парин ё паринд ва дар Ягноб рафак меноманд. Холо дар натичаи сохтмони роххои калони кухи Овиринг ахамияти худро гум кардааст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …