Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Остеомиелит

Остеомиелит

Остеомиелит (аз остео… ва юнони myelos — магз), просесси газакги-рандаю сирояткунандаест, ки аввал як кисми магзи устухон ва сони унсурхои бофтахои устухонро фаро ме­гирад. Остеомиелит ду хел мешавад; г а й р и  м а х с у с (коккхои фасодовар ва баъзан бактерияхои руда ба вучуд меоранд) ва махсус (сили, сифилиси ва гайра). Остеомиелити гайримахсус бештар маълум аст. Вай ба таври гематогени (барангезандаи вай дар хун), бо рохи аз узвхо ва бофтахои дигарпи бемор ба устухон гузаштани барангезанда (Остеомилити дуюмин) ва ё дар натичаи сирояти экзогении чарохати устухон ба вучуд меояд.

Аксар вакт устухонхои ковоки найшакл, ангуштон, чогхо, устухони чакка иллат меёбанд. Остеомиелит дар хамаи синну сол ба вучуд омада метавонад. Хавгоми Остеомиелит харорати бадан баланд шуда, чои иллатёфта сахт дард мекунад. Минбаъд бофтахои зохири тагйир меё­банд ва пуст сурх шуда варам мекунад. Дар охир секвестрхо (участкахои кабатхои кортикалии хучайрахояш мурдаи устухон) хосил мешаванд. Баъзан секвестрхои майда хамрохи фасод берун мешаванд. То чи андоза вазнин будани бемори ва корношоям будани касалро айнан аз руи секвестрхо муайян мекунанд.

М у о л и ч а: истеъмоли антибиотикхо; таъмин намудани бехаракатии узви бемор; хангоми Остеомиелити музмин гирифта партофтани секвестр ва гайра.

Адабиёт: Ч а к л и н В. Д., Инфекционные заболевания костей, суставов и хрящей Свердловск, 1937; Венгеровский И. С.. Остеомелит у детей. Москва, 1964.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.