Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ошик Окомухаммад

Ошик Окомухаммад

Ошик (тахаллус; номаш Окомухаммад; 1686—1764), шоири эрони. Дар Исфахон ба дунё омада, дар хамин шахр тахсили илм кардааст. Илова бар шеъргуи Ошик хайёти хам мекард ва бо музди ин пеша таъмини маишат менамуд. Ошик чунон ки тазкиранависон ва худаш дар баъзе шеърхояш гуфтааст, дар кашшоки умр ба cap мебурд.

Ошик касида, газал, рубои, тарчеъбанд, таркиббанд ва китъаоте дорад, ки дар девони ашъор чамъовари шудаанд. Дар газал эчодиёти Саъдиву Хофиз, дар рубои шеваи Хайёмро пайрави кардааст. Мавзуи газалиёти Ошик асосан аз баёни ишку мухаббат, холат ва кайфоятхои рухии шоир, факру бенавои, мазаммати носозихои мухити зиндаги, бекадрии ахли илму адаб, хунармандон, тамасхури зухду риё, майлхои орифона ва гайра иборат аст. Девони Ошик соли 1965 дар Техрон бо номи «Девони комили Ошики Исфахони» ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …