Маълумоти охирин

Орифи Xирави

Орифи Xирави Мав­лоно Махдум (1388, Хирот —1449, хамон чо), шоири форс-точик. Аз зиндаги ва тахсили Орифи Xирави маълумоте дастрас нест. У марди хуштабъ бу­да, бо номи Салмони Сони маъруф будааст. Ин номро аз он чихат ба у нисбат додаанд, ки ба мисли Салмо­ни Совачи марди обиду порсо буда, табъу кудрати баланди шоири ва чашмони дардманд доштааст.

Дар офаридани газал ва маснави махорати баланд дошт. Аз Орифи Хирави девони газалиёт боки мондааст. Ба чуз ин бо номи «Гуй ва Чавгон» ё «Холнома» (таълифаш 1438—39) маснавие дорад, ки ба шакли мунозира навишта шудааст. Маснави дорои 800 байт буда, дар он шоир ба воситахои тасвири бадеи ва образхои муболигави диккати махсус додааст.

Адабиёт: Мирзозода X., Таърихи ада­биёти точик, китоби 2, Душанбе, 1977.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …