Маълумоти охирин

Орифи Чоёби

Орифи Чоёби Абдуллох (1882, Чоёби Афгонистон — 1944), шоири афгон. Аз оилаи точир. Дар мадрасаи зодгохаш тахсили илм кардааст. Дар корхои савдо ба падараш ёри дода, ба шахрхои Бухоро, Хуканд ва гайра мусофират кардааст. Орифи Чоёби бо ахли илму адаби шахрхо ошнои пайдо карда, дар махфилхои бедилхони иштирок намудааст.

Шеърхои аввалинашро, ки дар мавзуи ишк буданд, ба вазни хичо гуфта­аст. Дар солхои 20—30 Орифи  Чоёби ходими фаъоли чамъиятии Афгонистон гар­дид. Ба фаъолияти ичтимоию сиёси ру овардани Орифи Чоёби ба таъсири галабаи Револютсияи  Кабири Сотсиалисти Октябр марбут буд.

Орифи Чоёби ва чанд тан аз равшанфикрон анчуманхои тозае барпо карда, масъалахои мубориза бо кафомонии ичтимои, иктисоди ва мадании кишварро мухокима мекарданд. Шеърхои Орифи Чоёби дар мубориза бар зидди бесаводи, чахлу хурофот, истибдоди феодали ва империализм мавкеи калон доштанд. Манзумаи «Зиндагиномаи амир Амонуллох» (иллатхои чамъияти онруза дар ин асар беамон фош шудаанд) ва маснавии «Юсуф ва Зулайхо» аз чум- лаи таълифоти ба мерос мондаи Орифи Чоёби мебошанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …