Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Коми Пермихо

Округи Автономии Коми Пермихо

Округи Автономии Коми Пермихо, дар хайати вилояти Пер­ми РСФСР. 26 феврал 1925 ташкил шу­дааст. Масохат 32,9 хазор километр2. Ахоли 173 хазор нафар (1979), ахолии асоси коми-пермихо ва русхо. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 5,3 нафар; ахолии шахр 24%. Ба 6 район таксим шуда, 1 шахр, 3 поселкаи типпи шахр дорад. Марказаш— Кудымкар.

Дар назди Урал, дар болооби Кама чойгир шудааст. Сатхаш хамвори сертеппа. Дар Шимол Увалхои Шимоли (баландиаш то 271 метр), дар Гарб баландии Камаи Боло (баландиаш 280 метр) тул кашидаанд. Кисми зиёди территорияи округ аз пастихо иборат аст. Сарватхои зеризамини: маъдани охан, мергел, охра, масолехи бино­кори, ангишти бур, торф, тилло, нефт. Иклимаш континенти. Харорат миёнаи январ —15,7* Селсия ,июл 17,6° Селсия (Кудымкар). Боришоти солона 500— 550 миллиметр.

Дарёии асоси: Кама бо шохобхояш — Коса, Инва, Весляна. Кулхояш асосан дар дарёбоданд (Ле­ман, Нахты, Старая Кама ва дигар). Хокаш асосан хокистари, дар Чануб— чимтолию хокистари. Зиёда аз 80% территорияи округ бешазор аст (дарахтони санавбар, коч, шарбин, ладен, тус). Дар бешазорхо санчоб, харгуш, кокум, рубох, савсор, гавазни шимоли, шохгавазн ва аз паррандахо мурги чипори чангали, тазарв, титав вомехуранд.

Дар нимаи 2-юми асри 15 хоки комию пермякко ба князии Мо­сква хамрох карда шуд. Ба ин муносибат ахолии рус ба ин чо хичрат кард. Дар охири асри 19 дар дехоти Округ, ки то 55% камбагалон зиндаги мекарданд, нобаробарии иктисоди авч гирифт. Револютсияи Октябри 1917 барои ко­ми пермякхо рохи нави тараккиёти гайрикапиталистиро боз намуда, навсозии сотсиалистии хочаги, мада- ни ва маишии онхоро таъмин кард Аз давраи ташкилшави то соли 1934 округ дар хайати вилояти Урал ва баъд дар хайати вилояти Свердловск буд; аз соли 1938 дар хайати вилояти Перм мебошад.

Сарвати асосии округ — беша. Саноат асосан бо тайёр кардани чубу коркарди он (кариб 70% махсулоти саноат) машгул аст. Ба воситаи дарёи Камаю шохобхои он чубро равон мекунанд. Мебелсози ва коркарди чу­бу тахта таракки кардааст. Саноати хуроквори, истехсоли катон ва масолехи бинокори низ пеш рафтааст. Дар Кудымкар комбинатхои консерви мева ва гушт, заводхои катон, чуянгудози, таъмири механики ва масолехи бинокори ва дар Пожва заводи «Ле- сосплавмаш» чой гирифтаанд.

Xочагии кишлок асосан ба парвариши катон, галла ва чорвои ширу гуштдех машгул аст. Замбури асалпарвари, картошкакори хам таракки кардааст. Аз галла гандум, чав, сули, чавдор, aз зироати техники загир кишт кар­да мешавад. 1 январи 1978 дар округ 113 хазор cap гов, 31 хазор cap хук, 32 хазор cap гусфанд буд.

Шикори хайвони муинадор низ инкишоф ёфтааст. Автомобил ва киштихои Дар­еи наклиёти _асосии округанд. Рохи калони автомобили: Менделеево — Кудымкар, Кудымкар—Пожва, Ку­дымкар — Гайна. Дарёи Кама — киштигард Соли тахсили 1978/79 дар мактабхои маълумоти умуми 35,7 хазор талаба тахсил мекард. Дар мактабхои миёнаи махсус 4,5 хазор талаба тахсил мекард.

4 мактаби мусики, техникумхои чангалу техники ва хочагии кишлок, омузишгоххои тибби ва пе­дагоги, 4 омузишгохи касбхои тех­ники, 130 китобхонаи оммави, 211 клуб ва хонаи маданият, музеи кишваршиноси, театри драма (дар Ку­дымкар) мавчуд буданд. Соли 1979 Округ 289 духтур, 1755 коркунони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 2190 кат дошт.

Газетаи округии «-По ленинскому пу­ти» («Бо рохи ленини аз соли 1926) ба забони руси ва коми нашр мешавад.

Гуфтор ва барномахои радио ва телевизиони Перм ва Москва шунавонида ва намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …