Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Хантию Ман­сихо

Округи Автономии Хантию Ман­сихо

Округи Автономии Хантию Ман­сихо, дар хайати вилояти Тюмени РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шуда­аст (то 23. 10. 1940 Округи миллии Остяко-Вогулск, то 1977 Округи миллии Хантию Манси). Дар кисми маркаэзии хамвории Сибири Гарби вокеъ аст. Масохат 523,1 хазор километр3. Ахолиаш 569 хазор нафар (1979). Марказаш шахри Ханти-Мансийск. Ба 7 район таксим туда,-5 шахр ва 18 посёлкаи типи шахр дорад.

Табиат. Дар территорияи Округ пастхамихо (Оби Миёна, Кондин ва гайра) ва баландихо (Увалхои Сибир, баландиаш то 285, Сосваи Шимоли, баландиаш то 301 метр, Китъаи Белогорск, баландиаш то 231 метр); дар интихои Гарб минтакаи камбари нишебихои шаркии Урали Шимоли ва Назди Кутби вокеъ аст.

Иклимаш континентй, зимистонаш кахратуни дароз (харорати миёнаи январ аз 20 то 22°Селсия), тобистонаш кутох вале гарм (харорати миёнаи июл 16—18° Селсия). Боришоти солона 400—500 милиметр. Давраи нашви растани 115—125 шаборуз аст. Дарёи асосй —Об (дарозиаш дар ху­дуди Округ 1218 километр) ва шохобхои он: аз чап —Югани Калон, Салими Калон, Иртыш (бо шохобаш Конда), Сосваи Шимоли; аз рост — Вах, Аган, Пим ва гайра. Зиёда аз 1500 кул дорад. Кулхои асоси: Турсунтск ва Леушинск, Вандмтор, Унтор ва гайра. Хокаш асосан торфию ботлоки ва хокистарранг. Дар сохилхои дарёю кулхо аллювиали.

Зиёда аз 1/3  кисми территория чангалзор. Бешаи дарахтони сузанбарг (коч, санавбар, чалгуза ва гайра) бартари дорад. Дар Шимоли Аксо тайга бо тундраи сиракбеша бадал мешавад. Олами хайвовоташ бой ва гуногун (санчоб, самур, хази сибири, рубох, харгуш, савсор’, кокум ва гайра) мебошад. Ондатра ва шагораи америкои ба шароити он чо одат кунонида шудааст. Такрибан 200 намуди парранда хаст, ки аз онхо мурги чипор, титав, тазарв, кабки сафред, мургони оби ахамияти калоо­ни шикори доранд. Дарё ва кулхояш аз мохи боянд. Дар мамнуъгохи Конда-Сосва кундуз ва самур пар­вариш карда мешаванд.

Ахоли. дар Округ хантихо, мансихо, русхо, тоторхо, украинхо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр3 0,8 кас. Водихои Об ва Ир­тыш серахолианд. Шахрхо: Сургут, Нижневартовск, Нефтеюганск, Хан­ти-Мансийск, Урай.

Маълумоти таърихи. Хантихо ва мансихо хамчунун умумияти этники аз охири хазораи 1 то милод то хазораи 1 милод ба вучуд омадаанд. Дар сарчаш- махои хаттии асри 11 хантихо бо номи«югрихо» (аз асри 14 хантихо хамчун «остякхо» ва мансихо «вогулхо») ёдовар шудаанд. Дар нимаи дуюми асри 12 Замини Югор, ки кисми зиёди хантихо ва мансихо дар ин сарза­мин зиндаги мекарданд, волости За­мини Новгород шуд. Новгород соли 1478 ба давлати Москва хамрох гар­дид.

Баъд аз хони Сибир — Кучумро маглуб кардани Ермак (1582) як кисми хантихо ва мансихои Назди Иртыш ихтиёран ба тахти химояи подшохии Москва гузаштанд. Ахо­лии махалли хаёти кучманчиги ба cap бурда бо мохидори, шикору гавазнпарвари машгул будданд. Тараккиёти муносибатхои ка­питалисти дар нимаи дуюми асри 19 ибтидои асри 20, кисман аз хочагии кафомондаи натуралии падаршохи гузаштани хантию мансихо ба муносибатхои молию пули ба парокандашавии сохти чамоаи ибтидои мусоидат карда, вале мардумро хонахароб ва кашк намуд.

Баъди Револютсияи Ок­тябри 1917 хокимиятро (1918) гвардиячиёни сафед сохиб шуданд, ки онхо дар миёнаи соли 1921 пурра торумор гардиданд. Бо баркарор шудани Хокпмияти Совети зулми милли бархам дода шуд, баробархукукии сиёсии хантию мансихо бо дигар халкхо таъмин гардид. Соли 1923 дар территорияи вилояти Урал округи маъмурии Тоболск ташкил шуд, ки ба он районхои ханти ва мансинишини Кондинское, Самаровское, Сургут, Берёзовок, Обдорск дохил шуданд. Бо карори Президиуми КИМ Умумироссия аз 10 декабри 1930 округи миллии Остяко-Вогулск (аз 1940 округи миллии Хантию Ман­си) таъсис гардид (аз соли 1977 округи автономи).

Дар инкишофи Округ Коми­тети шимолии назди Президиуми КИМ Умумироссия роли калон бозид. Сохтмонн посёлкахо вусъат ёфт. Халк ба хаёти мукими гузашт. Дар баробари таракки кардани сохахои анъанави (гавазнпарвари, шикору мохигири) сохахои чорводорию зироаткори ва парвариши хайвоноти муинадор ба вучуд омад. Дар натичаи индустрикунони, коллективонии хочагии кишлок ва револютсияи  мадани дар Округ кафомонии иктисоди ва мадани бархам до­да шуд.

Дар солхои Чанги Бузурги Ватани хантихо ва мансихо дар сафхои Армияи Совети бар зидди фашистони истилогар чангиданд. Ба 9 нафари онхо унвони Кахрамони Иттифоки Совети дода шуд. Баъди дар территорияи Округ кафш шудани захираи га­зу нефт (1960) дар иктисодиёти он дигаргунии кулли ба вучуд омад. Округ бо ордени Ленин (1970) ва орде­ни Дустии Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Хочаги. Сохахои асосии хочаги: саноати нефту газ, чангал, мохи, электроэнергетика, шикор ва парвариши хайвоноти муинадор. Нефт асосан аз конхои Самотлор, Уст- Балик, Мамонтовское ва гайра истихроч мешавад. ГРЭС-и Сургут бо газ кор мекунад. Округ калонтарин дар Сибири Гарби комбинати чубу тахтаи Кондинское, 3 комбинати мохи, 3 заводи мохи, 2 комбинати хонасози, истехсоли конструксияхои охану бетон ва хишт дорад; он макони бои истехсол ва фуруши муина аст. Гавазнпарвари — сохаи мухими хочагии кишлок Округ соли 1978 12 колхо­зу 19 совхоз дошт. Соли 1978 дар хочагихои Округ 54 хазор гавазни шимоли, 50 хазор cap гов, 22 хазор хук, 3 хазор гусфанд буд. Аз соли 1933 стан- сияи- тачрибавии хочагии кишлоки Хантию-Манси кор карда истодааст.

Дарозии умумии роххои оби 8100 километр (1974). Дарёхои Об, Иртыш ва шохобхои калони онхо киштигарданд. Аз солхои 60 сохтмони рохи охан cap шуд. Барои аз худ кардани конхои гази Заполярия ва майдонхои васеи чангал рохи охани Сургут-Урентой сохта шу­дааст. Дар аксари шахр ва пунктхои ахолинишин аэропорт хаст.

Сохтмонн мадани. Соли тахсили 1978—79 дар мактабхои маълумоти умуми 96,3 хазор дар мактабхои миё­наи махсус 3 хазор талаба мехонд; 285 муассисаи томактаби, 189 китобхонаи оммави, музеи кишваршиноси, хонаи эчодиёти халк, 231 клуб, 20 мактаби мусикии бачагона, 268 дастгохи филмнамоишдихи ва гайра буд. Соли 1979 Округ 1472 духтур, 5235 коркунони миё­наи тибби ва дар беморхонахо 6385 кат дошт.

Газетадои округи: «Ленин павт ху- ват» («Бо роди Ленин», аз с. 1957, ба забони ханти) ва «Ленинская правда» (аз 1931) нашр мешаванд. Ду программаи радиои Умумиитти- фок шунавонида шуда ба воситаи системам телевизионии «Восток», «Орбита» ва «Экран» яамоишдои те- левпзиони Маркази нишон дода ме­шаванд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …