Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Ойхонум

Ойхонум

Ойхонум, димнаи шахри Юнону Бохтари мансуб ба асрхои 4—1 то милод, ки дар Афгонистони Шимоли, дар резишгохи дарёи Кукча (шохоби дарёи Панч) вокеъ аст. Аз соли 1965 аз тарафи Миссияи ар­хеологии Франсия дар Афгонистон омухта мешавад. Холо хафриёти болохисор, маъбад, маркази сиёси, макбарахо ва кисми зиёди шахр ба интихо расидааст.

Ойхонум секунча буда, аз тарафи сеюм бо девори гафсу баланди 10-метра мустахкам шуда­аст. Девор ва бурчхои росткунчаи он ду катор тиркаш дошт. Де­вори шимоли  аз берун дорои хандаки хушк буд.

Худуди умумии шахр 1800×1600 метр. Дар болои шахр ду арк — яке дар кисми шимол в а диг аре дар кисми чануби шарки вокеъ буд. Олимон тахмин мекунанд, ки Ойхонумро ё Искандари Макдуни ва ё Селевк бунёд кардаанд. Чунин тахмин хам хаст, ки асосгузори Ойхонум шахсе бо номи Киниос мебошад, зеро дар ибтидои давраи эллини одате буд, ки танхо бунёдгузори шахрро дар дохили шахр дафн мекарданд.

Макбараи Киниос дар дохили шахр хафр гардида, но­ми у дар катибаи макбара зикр шу­дааст. Макбара аз пешайвони дусутуна ва гурхона иборат буд, ки бар тахкурсии сезина бино ёфтааст. Ча­сади Киниос дар тобути санги дафн шудааст. Макбара хануз дар замони кадим горат гардпда, аз ашёи он танхо зарфхои санги ва гачии юнони ёфт шуд. Сохти макбара соф юнонист. Аз макбара пораи тахтасанге пайдо шуд, ки дар он 50 насихати ахлокиро кандаанд.

Бинохои Ойхонум дар асоси анъанахои махалли сохта шудаанд. Деворхо аз хишти хом ва похса бино ёфта, аз санг танхо сутун, пояи он, болодари месохтанд. Фарши бинохоро бо гил андова мекарданд ва шояд ба руи он колину намадхо меандохтаанд. Боми бинохоро ба таври махалли хамвор месохтаанд.

То ин дам дар Осиёи Маркази cvтунхо аз чуб ва танхо пойсутуни аз санг сохта мешуданд. Дар Ойхонум сутунхо пурра аз санг буда, бошахо ба шакли баргхои калон зинат дода шудаанд. Баъзе бешахо соф юнонианд, баъзеи дигар ба тарзи     озодтар сохта шуда, унсурхои санъати махалли доранд. Дар Ойхонум танхо як сутуни чуб ёфт шуд, вале он хам дар натичаи сухтор ба ангишт мубаддал шудааст. Дар ин сутун анъанаи санъати махалли тачассум ёфтааст.

Як кисми шахрро дар масохати ЗООх ХЗОО метр бинохои расми ишгол кардаанд. Ин маркази сиёси аз як хавлии 130X108 метра (дар чор тарафаш айвонхо чой гирифта, сакфи онхо ба 116 сутун такя мекард), як толори калони 26,7X12 метр, каср ва якчанд хонахои дигар иборат аст. Дар кисми чануби бинои маъмури ва дигар хонаю толор кашф шуд. Касри мураббаи ин кисми сиёси тавассути чор рохрав ба чор манзили мураббаи дигар таксим шуда, хар яке аз хонаву толорхо иборат будааст.

Дар деворхои дохилии каср осори ранг ва сутунхои ба девор часпида ёфт шуданд. Ба акидаи мухаккикон дар ду нимаи ин каср ду хокими шахр, ки дар идораи шахр кудрати баробар доштанд, зиндаги мекарданд. Хонахои шахси пешайвони дусутуна дош­танд ва аз як толор ва чанд хонахои хурд иборат буданд.

Дар паси бинохо хаммомхое буданд, ки аксари онхо бо кайроксангхои харранга фарш карда шудаанд. Маъбади бузурги мураббаи (19X19 м) шахр дар миёнаи хавлии калон, дар болои тахкурсии сезина бунёд гардидааст. Маъбад ба кадди намои худ пешайвон дошт. Дар пешгохи маъбад ибодатгох ва дар ду тарафи он ду маъбуда ва назаргох чой гирифтааст. Маъбад мувофики анъанахои махалли сохта шуда, чузъиёташ ба санъ­ати маъбадсозии давраи Хахоманишиён шабохат дорад.

Дар сиккахое, ки аз хизонаи кашфгардида ба даст омаданд, олиха ва худохо — Арте­мида, Зевс, Аполлон ва кахрамони асотири Юнон Геракл тасвир ёфтаанд. Дар Ойхонум инчунин якчанд сиккахои хинду юнони ёфт шуданд, ки дар онхо худохои вишнуия (яке аз чараёнхои дини хиндуия) тасвир ёфта, катибаи сиккахо аз як тараф ба юнони ва аз дигар тараф ба хинди сабт шудаанд. Ин сиккахо ба Хинди давраи эллини мутаалликанд.

Макбараи дигар, ки дар беруни девори шахр чой доштааст, аз як дахлез дар миёна ва чор хонаи гумбазпуши ба дахлез пайваст (гурхонахо) иборат буд. Макбара асари санъати меъмории махалли буда, дар он майитхоро мувофики русуми махалли мегуронидаанд. Дар Ойхонум порахои тахти очи ёфт шуд, ки сохташ ба курсихои юнони монанд аст ва назири он аз Нисо ёфт шуд.

Баръакси мучассамахои санги хайкалчахои майдаи гили ба услуби реалистонаи соф шарки офарида шудаанд, ни барои илм ахамияти ка­лон доранд. Ин хайкалчахо мучасса- ман худохои махалли буда, баъзе бо либос ва баъзе барахна мебошанд, аъзои бадани онхо хеле анику дакик тачассум гардида, баъзе хайкалчахо бо чавохирот зинат ёфтаанд. Дар накши мураккаби табаки нукрагию (кутри табак 25 сантиметр), ки аз Ойхонум ёфт шуд, анъанахои санъати юнони ва махалли ба хам омехтаанд.

Солхои 50 то милод Ойхонум дар натичаи хучуми дигар кабилахои бодиянишин тамоман хароб гашта, ба зери хок мондааст. Бозёфтхои Ойхонум шаходат медиханд, ки юнониёни Бохтар маданияти худро ба маданияти махалли пайваста, як маданияти нави ба худ хос офарида будаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …