Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Охлопков Николай Павлович

Охлопков Николай Павлович

Охлопков Николай Павлович (15. 5. 1900, Иркутск — 8. 1. 1967, Мо­сква), режиссёри совети, Артисти Халкии СССР (1948). Аъзои КПСС аз соли 1952. Фаъолияти актёриаш аз соли 1918 огоз ёфтааст. Соли 1922 дар Театри Иркутск «Мисте­рия — Буфф»-и Владимир Маяковскийро ба сахна гузошт. Аз соли 1923 актёри Театри ба номи Мей­ерхолд. Солхои 1930—37 рохбари Театри реалисти, 1938—43 режиссёр ва актёри Театри ба номи Вахтангов, 1943—66 саррежиссёри Театри драмаи Москва (аз 1954 Театри ба номи Маяковский). Бештар спектаклхои кахрамонию фочиавиро ба сахна мегузошт.

Кор­хои намоёни режиссёриаш: «Мо­дар»— аз руи романи Максим Горкий, «Сели оханин» — аз руи асари Сера­фимович (харду 1933), «Ашрофон»-и Н. Погодин (1935) — дар Театри реалисти; “Фулидмаршал Кутузов”-и В.А. Соловёв (1940), “ Сирано деБержерак»-и Э. Ростан (1942) — дар Театри ба номи Вахтангов; «Гвардияи чавон» (аз руи асари А. Фадеев, 1947), «Гамлет»-и У. Шекспир (1954), «Таърихи Иркутск»-!и А. Н. Арбузов (1960), «Медея»-и Еврипид (1961)— дар Театри ба номи Владимир Маяковский. Дар Театри калон операхои «Мо­дар»-и Т. Н. Хренников ва «Декабристон»-и Ю. А. Шапоринро ба сахна гузоштааст.

Аз солхои 20 хамчун актёр ва режиссёри кино баромад кардааст. Ролхои намоёнаш: Васи­лий Буслаев («Александр Невский»), Василий («Ленин дар Октябр»), ко­миссар Воробёв («Достони марди хакики»), Батманов («Дур аз Моск­ва»). Омузгори ГИТИС (профессор). Лау­реата Мукофотхои давлатии СССР (1941, 1947, 1949 — ду карат, 1951 — ду карат). Бо ордени Ленин, 3 орде­ни дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …