Маълумоти охирин

Очерк

Очерк, яке аз навъхои чинси эпики буда, аз хикоя ва новелла бо надоштани конфликти яклухту пуршиддати тез халшаванда ва хусусияти тавсифии худ фарк мекунад. Дар Очерк ба мисли хикоя, повест, ро­ман, драма нависанда чандон сохибихтиёр набуда, асосан вокеаву шахсхои вокеиро тасвир менамояд. Очерк аз лавхахои гуногун, мулокотхо, гуфтугузорхо, муносибати шахсхо, аз тасвири вазъи хаёти чамъият, табиат ва андеша дар бораи онхо таркиб ёфта метавонад. Агар фикри нависанда вусъате, сухани у бурроие дошта бошад, ин лавхахои пароканда низоми муайян хоханд дошт. Таъсири Очерк аз бисьёр чидатдо ба он вобаста хохад буд, ки нокил мушохида, таассурот ва .мулокоту гуфтугузори худро бо кадом шева баён мекунад. Очерк одатан дар давраи муносибатхои тезу тунди чамъияти ё бо пайдоиши тарзи нави зиндаги инкишоф меёбад. Очерк дар Россия нимаи дуюми асри 18 пайдо шуда, дар солхои 40 асри 19 махсусан инкишоф ёфт.

Дар адабиёти точик хусусиятхои Очерк аз нимаи дуюми асри 19 (Возех «Савонех- ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик», Мирзо Сироч «Тухафи ахли Бухоро», бобхои «Наводир-ул-вокеъ»-и Ахмади Дониш, ки сафархои у ба Рос­сия тасвир ёфтаанд ва гайра) шакл гирифта бошад хам, танхо баъди Револютсияи  Октябр охири солхои 20 ва ибтидои солхои 30 хамчун жанри хоси адаби пайдо шуд. Очерки точик бо таъсири Очерки со­ветии рус ба вучуд омад. Асосгузори Очерки точик Айни мебошад. Очерк асосан дар ду шакл инкишоф меёбад: хуччати ва бадеи. Дар Очерки хуччати ходисахои вокеи бе хеч пардоз инъикос мешаванд. Очеркхои Садриддин Айни, А. Дехоти, Чалол Икроми, Рахим Чалил, Фотех Ниёзи, Р. Мирзо аз хамин кабиланд. Дар Очерки бадеи типикунии кадрамонон ва вокеахо, сюжет, композисияи мавзуну мутаносиб ва тахайюли ба­деии нависанда мавкеи калон дорад. Очеркхои Фазлиддин Мухаммадиев «Мухочирон», А. Сидки «Чураи деринаи ман». М. Начмиддинов «Фарзанди замон» ва гайра Очеркии бадеианд.

Очерк, ки жанри фаъол аст, вобаста ба такозои айём пеш рафта, чихатхои тозаи рузгори халкро инъикос мекунад. Алалхусус, нимаи дуюми солхои 50-ро давраи инкишофи Очерки точик шуморидан равост. Дар ин солхо ба такозои замон ва таъсири очеркнависони намоёни рус В. Овечкин, С. За­лыгин, В. Тендряков ва дигар. Очерки то­чик сифатан нав гардид. Дар адаби­ёти точик Очерки проблеми ба вучуд омад. (Фазлиддин Мухаммадиев «Раиси нав» 1955. «Фаттох ва Музаффар», 1958; М. Начмиддинов «Якраха», 1956; А. Сидки «Чураи деринаи ман», 1957 ва гайра). Дигар аз навъи Очерк, ки солхои охир дар адабиёти точик равнак гирифт, Очерки сафарист. Очерки Икроми  “Аз Сталинобод то ба Киев», Фазлиддин Му­даммадиев «Нориниёнем мо» (1979) аз чумлаи бехтарин Очеркхои сафари ба шумор мераванд.

Очерк дар адабиёти точик ба инкишофи наср, махсусан жанри повест мусоидат кард. Тачрибаи Очерк ба бис­ёр нависандахои (Фазлиддин Мухаммадиев, А. Сики, М. Начмиддинов) барои тадкики амиду пурвусъати зиндаги имкон дод. Бо инкишофи Очерк реализми насри муосири точик кавитар гашт.

Адабиёт: Ш у к у р о в- М.. Насри солхои 1945—74. Таърихи адабиёти советии то­чик, инкишофи жанрхо, чилди 4, Душанбе, 1980; Журбина Е., Искусство очерка, Москва, 1957; К о н т о р о в и ч В., Заметки писа­теля о современном очерке, 2 издание. Москва. 1973.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.