Нубихо, халкест, ки дар сохилхои дарёи Нил, дар шимоли Республикаи Судон, инчунин дар шимолтари сарбанди Асвон зиндаги мекунад. Шумораашон 1,7 млн нафар (1978). Як кисми начандон калонн Нубихо дар куххои Кордофан (Нубихои кухистони) маскунанд. Ба забони нубии ва араби гуфтугу мекунанд. Диндорон мусулмонони суннимазхабанд.
Нубихо авлодони бевоситаи ахолии Нубияи Кухан буда, аз даврахои кадим ба дехкони (гандум, чав, сабзавот, пахта) ва богдори (хурмо) машгуланд. Чорводори (барзагов, асп, уштур, бузу гусфанд ва хар) низ таракки кардааст. Кисми зиёдн Нубихо дар калонтарин шахрхои Судон икомат дошта, ба хунарманд ва савдо, дар корхонахо ва плантасияхои давлатии пахта кор мекунанд.