Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Носири Бухорои

Носири Бухорои

Носири Бухорои Шохдарвеш ё Дарвеш Но­сир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1371—1372), шоири форс-точик. Айёми чавони ва тахсилоташро дар Бухоро гузаронида, пас аз тахсил ба сабаби факири ва тангдасти ба шахрхои Хуросон, Озарбойчон ва Ирок сафар кардааст. Зиндагии факирона ва тангдастона доштани уро чанде аз тазкиранависон, аз чумла Давлатшохи Самардандки кайд кардаанд. Аз Носири Бухорои дар хачми 4000 байт девоне боки мондааст, ки аз газалу касида ва дигар навъхои шеъри иборат аст. Носири Бухорои чанде аз касоидашро дар мавзуъхои дини, инчунин дар мадхи султон Увайси Чалоири гуфтааст. Вай султонро ба адлу адолат ва раиятпарвари даъват монамуд. Дар газалиёташ мавзуъхои ичтимои, танкиди хукмронони золим, рухониёну шайхон, рухияи ринди ва гайра дида мешаванд. Газалхои Носири Бухорои дар пайравии Хофизи Шерози гуфта шуда, аз чихати мазмуну мундарича ба онхо наздиканд. Дар бахри мутакориб маснавии орифонае бо номи. «Хидоятнома» дорад.

Ад.: Мирзозода X., Таърихи адабиёти точик, кит. 2, Д., 1977

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …