Маълумоти охирин
Главная / Илм / Неоген

Неоген

Неоген (аз нео… ва юн. Renos — таваллуд, син), дар геология давраи дуюми эраи кайнозоро гуянд. Табакаи чинсхои кухие, ки дар ин давра ба вучуд омадаанд, мутааллики системаи неогенанд. Давраи Неоген 25 миллион сол мукаддам cap шуда, бештар аз 23 миллион сол давом кардааст. Истилохи Неогенро бори нахуст соли 1853 геологи австрияги М. Гёрнес пешниход кард. Давраи Неоген ба ду замон: замони миоцен ва замони плиоцен таксим мешавад. Процессхои кухпайдошавие, ки охирхои дав­раи палеоген cap шуда буданд, дар давраи Неоген хам идома доштанд.

Дар натича дар нохияхои чиндоршавии алпи куххои нав ба вучуд омада, куххои кадима ва платформахо низ то андозае баланд шуданд. Дар дав­раи Неоген дар китъакол Европа ва Осиё системаи куххои Алп, Карпат, куххои нимчазираи Балкан, Крим, Кавказ, Помиру Олой, Тиёншон, Олтой, Кунлун ва гайра ташаккул ёфтанд. Дар атрофи укёнуси Ором, кад-кади канори материкхо, куххои Кордилера, Анд, Камчатка, Япония, Филиппин, Гвинеяи Нав, Зеландияи Нав кад кашиданд; каторкуххои зериоби баланд шуда, силсилаи чазирахоро ташкил доданд. Пайдоиши бисёр бахрхои дохили, ба монанди Каспий, Сиёх, Мармар, Ион, Адриатика, Тиррен, инчунин силсилаи пастхамихои амики Африкаи Шаркию бахри Сурх, атро­фи кули Байкал ва дигар чойхо, ки аз фуруравихои кишри Замин хосил шудаанд, ба давраи Неоген тааллук доранд.

Нимчазирахои Апеннин, Балкан (кисми чанубиаш), Осиёи Хурд, Кав­каз ва атрофи пастхамихои фурурафта дар Неоген марказхои вулконизм хисоб мешуданд. Хулоса, дар охири давра таксимоти бахру хушкихои руи Замин ва тархи онхо ба шакли хозираи бахру бар хеле наздик буд. Дар давоми давраи Неоген иклим тадричан сард ва хушк шуда, дар охири давра тамоми зонахои табии (ба чуз тундра) ташаккул ёфтанд. Олами наботот ва хайвонот ба замони хозира наздик бошанд хам, вале мавзеъ- хои пахншавии онхо фарк дошт. Масалан, дар Европаи Гарби, Сибир дар аввалхои давраи Неоген ба чои бешахои хозираи сузанбарг бешахои пахнбарг (дар Европаи Гарби — норчил, секвойя, сарв, гор; дар Си­бир—булут, шамшод, заранг, фарк) меруиданд; дар охири давра ин бешахо ба самти Чануб чой иваз карданд. Дашту биёбони хамворихои Осиёи Миёна ва Казокистон аз аввалхои давра вучуд дошта, олами набототашон ба давраи хозира хеле наздик буд.

Флораи минтакахои тропики аз флораи замони хозира кам фарк мекард. Дар бахрхои давраи Неоген хусусан нармбаданхои дупаллаю шикампохо. хорпуштхои бахри, мщанкахо ва гайра нихоят зиёд буданд. Дар давраи Неоген дар олами хайвоноти хушкизех басо тагйирот ба амал омад. Дар ин муддат як катор чинсхои хайвонхои ширхур (дар Европа — гурухи сумдорхои ибтидои, дарран- дахои кадима, халтадорхо) тамоман мурда рафта, чои онхоро ворисони оилахои нав, ба монанди хирсхо, кафторхо, хартумдорхои нахуст (мастодонтхо, динотерияхо), гурозхо, бузу гусфандхо, гову гавазнхо, маймунхои одамшакл гирифтанд. Чинсхои нави хашарот, хояндахо ба вучуд омаданд. Хамаи онхо сарнасли хайвонхои замони хозира мебошанд. Хайвони хоси хамонвактаи даштхои васеи Европаю Осиё аспхои сепанча — гиппарионхо буданд.

Тахнишастхои системаи Неоген бахри, лагуни, континенти буда, дар бисёр хамвори, пастхамихои наздикухи ва байникухии руи Замин чойгир шудаанд. Онхо аз кабатхои охаксанг, мергел, гил, регсанг, конг­ломерат иборатанд. Гафсии табакаи ин чинсхои кухи аз даххо метр то ба якчанд километр мерасад. Тахнишастхои давраи Неоген дар Осиёи Миёна низ вусъат ёфтааст. Дар территорияи Точикистон онхоро дар депрессияхои Точикистону Фаргона, кисми гарбии водии Зарафшон, саргахи дарёи Мугсу дидан мумкия аст. Ин тахнишастхо аз кабатхои гил, регсанг конгломерат таркиб ёфта, пайдоишашон коптинентист.

Яке аз мухимтарин сарватхои зеризаминии давраи Неоген нефт мебошад. Бисёр конхои калони нефг дар  СССР (дар Озарбойчону Туркманистон, Кавкази Шимоли, Сахалин),  Румыния, Ирок, Эрон, Арабистони Сауди, Бирма, чазирахои Индонезия,  ШМА, Мексикаи Чануби, Венесуэла,  Колумбия, Аргентина дар табакаи  чинсхои давраи Неоген чойгир шудаанд.  Дар тахнишастхои системаи Неоген инчунин газ, ангишти бур, намаксанг,  намаки калий ва гайра ёфт мешаванд. Бо чинсхои интрузивии давраи Неоген як  катор конхои маъдани мис, арсен,  сурб, рух, сурма, молибден, волфрам, висмут, симоб алокаманданд.

Адабиёт: Андрусов Н. И. Избразительные тру ды. том 1—4, Москва. 1961—65: Колесни

­ ков В. ТГ. Ж и ж ч е н к о В. П. вадигар. Стратиграфии СССР, том 12 — Неоген СССР. Москва— Ленинград, 1940; Геология СССР, том 21 (Таджикская ССР) Москва, 1950.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …