Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Некрасов Николай Алексеевич

Некрасов Николай Алексеевич

Некрасов Николай Алексеевич (10. 12. 1821, махали Немиров, хозира вилояти Винница — 8. 1. 1878, Петер­бург), шоири рус, арбоби адабиёт. Солхои бачагии Некрасов дар дехаи Грешнево (хозираи де­хаи Некрасов) наздики Ярославл, дар мулки падараш гузаштааст. Дар он чо у аз хаёти дехконон бохабар шуд. Солхои 1832—37 дар гим­назияи Ярославл тахсил кард. Соли 1839 кушиш кард, ки ба университети Пе­тербург дохил шавад (солхои 1839— 40 шунавандаи ихтнёри ба хисоб мерафт). Аз ёрии падар махрум буд ва камбагалона умр ба cap мебурд. Шеърхояш аз соли 1838 чоп шудаанд.

Соли 1840 мачмуаи шеърхои Некрасов «Орзухо ва овозхо» ба табъ расид, ки дар он шеърхои навшогирдона ва хоми Некрасов чамъовари шуда буданд. Ин мачмуа ба танкиди сахти В. Г. Белинский дучор шуд ва муаллиф онро нобуд кард. Ammo Некрасов рухафтода нашуда, ба кори эчоди боз кавитар камар баст ва хикояхо, повестхо, песахо, маколахо доир ба театр ва фелетонхо навиштан гирифт. Солхои 1842—43 бо Белинский ва махфили у робита пайдо кард. Некрасов бо маколахои танкиди ва такризхояш дар муборизахои Белинский барои реализм ва халкияти адабиёти рус хамсаф гардид. Некрасов дар «Современник» хамчун мухаррир ва ташкилотчии куввахои адаби махорат зохир намуд; хатто баъди реакцияи сиёсии 1848 Некрасов барои нигох доштани тамоюли демократии журнал кори бисёре кард. Дар ин давра романхои у «Се мамлакати одам» (1848—49), «Кули мурда» (1851, бо хамрохии А. Я. Па­паева, ки завчааш шуд) нашр гардиданд. Ин романхо рухи демократи доштанд. Солхои 60 истеъдоди Некрасов хамчун шоири халк, хачвнавис, фошкунандаи «болонишинон», химоятгари дехотиёни ситамдида равнак гирифт. Соли 1856 мачмуаи Некрасов «Шеърхо» аз чоп баромад, ки халкро ошкоро ба

 

фаъолияти граждани ва революциони даъват мекард ва хамчун манифести адабиёти пешкадами рус кабул гардид. Дар вазъияти револютсионии солхои 1859—61 дар ашъори Некрвсов мавзуи дехот мавкеъ мегирад. Шеърхои «Андеша», «Дафн», ва дос­тонхои у «Дехконбачахо» (1861; тарчумаи точикиаш 1953), «Сармои бинисурх» (1863) аз мухаббати шоир ба дехкони рус саршоранд. Дар ин давра эътибори Некрасов дар байни чоме- аи рус, махсусан чавонони пешакадам ва ходимони револютсионии он хеле афзуд. Соли 1868 ба Некрасов муяссар шуд, ки журнали «Отечественные записки»-ро ба даст гирад. Дар ин чо бобхои достони «Дар Русия осуда кист», достонхояш дар бораи декабристхо: «Бобо» (1870), «Занхои рус» (1872—73) ва хачвияи «Муосирон» (1875—76) ба табъ расиданд. Дар ин асархо ва ашъори лирикии мухимтарин аломати солхои 70, ки аз шиддат гирифтани харакати халкчигии революцнони, «ба халк наздик шудан» иборат буд, ифода ёфтааст. Шоир дар солхои охири хаёташ, ки пур аз мехнати пурмашаккати эчоди, ташвишхои журналу корхои чамъияти буданд, ба каса­лии вазнин гирифтор шуд. Бо вучу­ди он «сурудхои вопасин»-и худро навишта, аз рохи тайкардааш, аз мухаббаташ ба халки рус бо хамон илхоми шоиронаи собикаш хикоят кардааст. Маросими дафни Некпасов ба намоиши халкии демократи монанд шуда буд.

Шеъри Некрасов, ки дар зами­наи инкишофи пешинаи адабиёти рус ба вучуд омада, анъанахои эчо- дии Пушкин, Лермонтов ва Гоголро давом медод, пешрафти азими хаёти халки русро, ки дар рохи муборизаи озодихохи бедор шуда буд, инъикос кардааст. Аз ин ру шоир дар байни нависандагони реалисти асри 19 рус макоми алохида ишгол кар­дааст. Некрасов на танхо гами халкро мехурд, балки бо дехконони Россия як шуда буд, аз ному забони онхо сухан мегуфт. Мавзуи халк, дехконон, ки барои адабиёти рус нав буда, ба воситаи характер ва типхои гуногун ифода ёфтааст, аз шеърхои аввалини Некрасов «Фойтуни сеаспа ва «Ватан» то достонхои калони эпики ва мурочиати     лирикии пеш аз маргаш ба халки рус — хулоса тамоми эчодиёти шоирро фаро мегирад. То Некрасов хеч кас гаму кашшокии дехотро ин дарача хаккони тасвир накардааст («Фикру хаёл дар пеши дари даромад», тарчумаи точикиаш 1953; «Орина, модари аскар», «Базми осмонкаф») ва хеч кас дар хаёти халк ин кадар чихатхои хуб ва характерхои бар- частаву муктадироро надидааст (Дарья, Матрёна, Савелий, Ермил, Гирин).

Хамаи асархои Некрасов андеша дар бораи халк ва такдири у мебошанд. Дар лирикаи пурмазмуну драматикии Некрасов масъалаи хизмат ба халк чои намоёяро ишгол мекунад («Чавонмардии яксоата», 1860). Кисмати вазнини зани рус хамеша дар маркази диккати Некрасов буд. Ин мавзуъ хам дар лирика ва хам дар достонхои у дар бораи декабристон: «Князхонум Волконская», «Крязхонум Трубетская» инъикос ёфтааст. Дар ин достонхои таърихи вокеахои гузашта дар алокаманди бо такдири халк ва идеалхои революционии халкчигии солхои 70 ифода гардидааст. Достони «Дар Русия осуда кист» (1866—76) эчодиёти Некрасовро чамъбаст менамояд. Ин достон энсиклопедияи хакикии хаёти асри 19 халки рус буда, бо гояи бузург, тахлилу танкиди ичтимоии рузгор, ки аз назари худи дехконон дода шудааст, касро ба вачд меорад. Мухимтарин аломати эчодиёти Некрасов равияи хачвии он мебошад. Некпасов аз фош намудани мансабдорони забонбоз, буржуйхои навпараст ва мунофикони гузаро («Касидаи муосир», «Суруди гахвора») ба хачвии тезу тунди тамоми сохти сиёси, помешикони крепостной, либералхо, сензураи подшохи, озодии бардуруги матбуот гузаштааст («Суруд дар бораи озодии сухан», «Мурофиа» ва гайра).

Некрасов шохкорихои хачви русро эчод кардааст: «Вактхои охир» (1871) ва «Муосирон» (1875—76). Некрасов шоири хакикии миллии рус буда, хама сарвати забони халк ва фолклорро ба шеър дохил кард, прозаизмхо, сабкхои гуногуни нутк ва охангхои сурудро часурона истифода бурд. Шеъри Некрасов, ки дар он рухи граждани ва бадеияти баланд бо хам сахт пайванданд, ба инкишофи минбаъдаи шеъри классики ва шеъри советии рус низ таъсири судманд расонидааст. Хона-музеи Некрасов дар Ленинград (аз соли 1946) ва бог-музеи у дар дехаи Карабихаи вилояти Ярославл (аз соли 1947) кушода аст. Тарчумаи ашъ­ори Некрасов ба забони точики аз солхои 30 огоз ёфтааст. Аввалин тарчумахои ашъори Некрасов ба калами М. Турсунзода, А. Дехоти, Ч. Сухайли ва дигар тааллук доранд. Эчодиёти Некрасов ба назми муосири точик таъсир дорад. Ба туфайли назми Некрасов охангхои граждани ва асосхои халкияти шеъри муосири точик боз хам мустахкамтар гардид.

Основание: Шеърхо, Сталинобод. 1938; Шеърхои мунтахаб, Сталинобод, 1953; Дар Рос­сия осуда кист (бобхо аз достон), Душанбе 1982.

Адабиёт: Степанов Н. Л., Н. А. Нек­расов. Жизнь и творчество, 2 издание, Москва, 1971; Н. А. Некрасов и литература на­родов Советского Союза, Ереван, 1972.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …