Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назарова Хайри

Назарова Хайри

Назарова Хайри (таваллуд. 13.10.1923, Хучанд, Ленинободи хозира), актрисаи совети точик. Арт. Халкии РСС Точикистон (1964). Аз оилав косиб. Солхои 1942—1951 дар театри халкии райони Кургонтеппа capoянда, раккоса ва ичрокунандаи ролхои асосии як катор спектаклхо: Зухро («Тохир ва Зухро»-и С. Абдулло), Ойхон («Найрангхои Манса­ра»-и Х. Хамза), Райхон («Аруси панчсума»-и М. Урдубоди) ва гайра буд. Соли 1951 режиссёр Е. И. Мителман истеъдоди фитрии Назароваро нав бурда, уро ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Лохути даъват мевамояд.

Назарова дар ин театр аз мактаби махорати актёри гузашто, нозукихои пешаи артистиро аз саромадони театри точик М. Косимов, А. Бурхонов, Т. Фозилова ва дигарон омухт ва хамчун санъаткори мохир шухрат пайдо кард. Дар офаридани образхои лирики ва драматики, хусусан, тачассуми олами ботини ва симои маънавии кахрамонхояш махорати баланд дорад. Назарова хунарпешаи хассос буда, ролхояшро табии, боварибахш ва бо завки баланд меофарад.

Образхои баркастаи у: Чулетта, Корделия («Ромео ва Чуле та», 1953, «Шох Лир», 1957, У. Шек­спир), Кумри («Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Киёмов ва А. Мороз, 1955), Ниги- на («Рудаки»-и С. Улугзода, 1958), Маша («Соати бурчи Кремл»-и Н. Погодин, I960), Махзода («Гавхари шабчарог»-и С. Улугзода, 1963), «Ma­нижа»-и Х. Хушкишоби, 1968), Архонта («Муборизон»-и С. Карас, 1976), Зебуннисо («Зебуннисо»-и Ш. Каёмов ва М. Шерали, 1977). Назарова дар баъзе филмхои истехсоли киностудияи «Точикфилм» низ накшхои дилангез офаридааст («Дусти мав Наврузов», 1957; «Вазифаи оли», 1958; «Дувоздах соати хаёт», 1964 ва гайра). Дар дубляжи кариб 300 филми истехсоли киностудияхои мамлака- тамон иштирок кардааст. Ролхои солхои охир ичрокардаи Назарова Азиза («Интизори»-и М. Хакимова), Герт­руда («Гамлет»-и У. Шекспир), Сотти («Исёни арусон»-и С. Ахмад), Шамсия («Бакои умр»-и С. Сафаров) ва гайра мебошанд, ки дар онхо пахлухои нави махорати артистии у зохир гаштааст. Дилрабоиву чаззоби, самимият ва нафосати баланд хоси образхои офаридаи у мебошанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …