Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маорифи санитари

Маорифи санитари

МАОРИФИ САНИТАРИ – ин як сохаи нигахдории тандурусти ва илми тиб аст, ки масъалахои назарияви ва амалии баланд бардоштани маданияти санитарии ахолиро кор карда мебарояд. Вазифахои Маорифи санитари аз таргибу ташвики донишхои тибби ва гигиени, андешидани тадбирхои пешгирии беморихо, тарбия намудани малакахои гигиени ва гайра иборатанд. Максади Маорифи санитари баланд бардоштани равияи маданияти санитарии ахоли, солим ва бардам тарбия кардани насли наврас мебошад.

Маорифи санитари

Таргиботи маълумоти тибби ва гигиени дар байни ахоли аз тарафи муассисахо ва ташкилотхои нигахдории тандурусти дар хамкори бо ташкилот ва муассисахои илм, маданият ва маорифи халк бо иштироки фаъоли чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар бурда мешавад. Барои мутобикати кори онхо Шурои умумииттифоки ва чумхурияви ташкил шудааст. Ба фаъолияти илмию тадкикоти ва илмию методи Институти марказии илмию тадкикотии маорифи санитарии Вазорати нигахдории тандурустии Чумхурии Точикистон, рохбари мекунад.

Дар Точикистон кори Маорифи санитари аз соли 1924 баъди ба республика омадани олимони руси сохаи тиб ба рох монда шуд. Мавзуъхои асосии сухбат ва дарсхои онхо ба пешгирии беморихои вабо, тоун, трахома бахшила шуда буданд. Якумин хонаи Маорифи санитари дар Душанбе соли 1937 кушода шуда буд. Дар Точикистон (1981) 26 хонаю 170 хучраи Маорифи санитари дар назди муассисахои муоличави ва профилактики амал мекунад. Солхои истиклолият баъди 2010-ум сол як катор конуну коидахо дар самти Маорифи санитари нашр шуданд, ки чумлаи онхо ин чорахо барои накашидани сигор дар чойхои чамъияти ва пешгири кардани чавонон барои даст кашидан аз истеъмоли маводхои мухаддир ва нос.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …