МАДРАСА (араби — чои дарс хондан, дарсхона), таълимгохе, ки толибон тахсили илм мекунанд, дониши худро такмил медиханд. Ба шаходати муаррих Наршахи нахустин Мадрса дар Бухоро пайдо шуда, соли 937—938 аз сухтор нобуд шудааст. Дар худуди асрхои 11—12 дар кишвархои гарбии олами ислом хам таъсис ёфтани Мадраса ба фаъолияти хукуматдорони салчуки, ки ба интишори маданияти эрони мусоидат мекарданд, алокаманд аст.
Мадраса хамчун таълимгохи олии дини дар замони тачаддуди маданияти форсу точик (асрхои 9—10) ба руи кор омада, асосан ба анъанахои таълимии махалли (дабиристонхо) такя дошт. Ба таркиб, тартиботи дохили ва хаёти илмии Мадраса дорулфунунхои атикаи ибтидои асрхои миёнаи Эдесса, академияи Нисибия, дорулфунунхои Хирону Ганди Шопур таъсири зиёде расондаанд. Дар ахди Сомониён дар Самарканд 17 Мадраса амал мекард. Дар Мадрасаи шахри Кият — маркази Хоразм олими маъруф, устоди Беруни Абунаср Мансур ибни Алии Ироки дарс медод. Дар Мадрасахои Самарканд хам олимони номдори аср— Абулкосим Этакими Самарканди, Абумансур Мухаммади Мотриди, Абулайси Самарканди ва дигарон дарс мегуфтанд. Дар ибтидои асри 11 Мадрасахои Нишопур, Балх, Разна, Марв дорои китобхонахои бой буданд. Ба шаходати Байхаки дар нохияи Хуталон хам бештар аз 20 Мадраса мавчуд буда аст. Дар Мадрасаи «Чомеи аруси фалак»-и Газна толибон илмхои «мазхабию» «мадрасаги» касб мекардаанд. Аввалин Мадрасаи китобхонадори Марв дар асри 40 пайдо шудааст. Макдиси, ки Мадрасаи Марвро дида будааст, менависад: «Хар мударрис ротиба (маош)-е дорад». Ёкути Хамави аз байни Мадрасахои Марв «Шарафулмулк», «Низомия», «Амдия», «хотуния» ва «Дутория»-ро ташхис дода, махсус кайд кардааст. Дар Марв дар нимаи аввали асри 11 бо унвони «Бану Тамим», дар асри 12 бо унвони «Ахмадия» ва «Шихоби» Мадрасахо мавчуд будаанд.
Муаллифи «Китоб-ул-ансоб» Самъони (1113— 60) аз чумлаи мударрисони «Ахмадия» буд. Адибону мутафаккирони машхури форс-точик Рашиди Ватвот, Чалолуддини Руми аз чумлаи тахсилдидагони мадрасаи «Низомия»-и Балх буданд. Хадди охири интишори Мадраса дар Осиёи Маркази шахри Хутан буд. Яке аз муассисони асосии Мадраса вазири маърифатпанохи Салчукиён Низомулмулк буд. Дар ахди фаъолияти у дар Багдод, Нишопур, Хирот, Балх, Марв, Исфахон, Мавсил, Табаристон Мадрасахо кушода шуданд. Мадрасахое, ки бо фаъолияти у кушода шуда буданд, ба шарафи у «Низомия» ном гирифтанд. Дар асрхои миёна Мадраса хакикатан маркази асосии таълим буд, корхои илми низ мебурд. Дар кори таълими Мадраса омузиши фанхои табииёт мавкеи калон дошт. Олим Майсори, мусаннифи достони «Донишнома» менависад, ки чахор илми асоси вучуд дорад: нучум, хандаса, тиб, илохиёт. Насируддини Туси дар назди расадхонаи Марога Мадраса таъсис кард. Машгулият дар он ихтиёри (факултативи) буд. Таълими риёзиёт ва дигар фанхои дакик дар Мадраса аз руи усуле, ки олимони машхури Осиёи Мнёна тахия карда буданд, мегузашт.
Асархои Мухаммади Хоразми «Хисоб-ул-набр в-ал-мукобала», Махмуд ибни Вусуди «Лубоб-ул-хи-соб» ва дигар бехтарин васоити таълим буданд. Мадрасаи ин давра чандон равияи дини надошт, балки университети том буд, ки дар таълими он илохиёт мавкеи калон надошт. С. Айни кайд мекунад, ки Мадрасаи Алишер Навои дар давраи худ ба ун-т монанд буд. Дар асри 15 Мадрасаи Улугбек маркази афкори илмии Самарканд хисоб мешуд. Аз мударрисони он олимони барчастаи Шарк: Козизодаи Руми, Гиёсуддини Чамшед, Муинуддини Коши ва дигаронро ном бурдан мумкин аст. А. Ю. Якубовский ва Т. Кори Ниёзи кайд кардаанд, ки дар Мадрасаи Улугбек на факат илохиёт, балки илмхои дакик, аз чумла нучум низ таълим дода мешуд. Дар асри 15 дар якчанд Мадрасахо илми тибро таълим медоданд. Мадрасаи Рубъи Рашиди наздикии Табрез аз хамин кабил буд. Дар ин чо табибони машхури Хиндустон, Хитой, Миср, Сурия дарс медоданд. Хар табиб 10 шогирд дошт.
Хирот дар асри 15 -аз хамин кабил 2 Мадраса дошт: Дорушшифои султони (бо амри Шохрух сохта гаудааст) ва Шифоия (Навои созондааст). С. Айни менависад: «Дар он Мадраса аз табибхои хозики хамон замон, ки илми тибро бо амалиёташ медонистанд, Мавлоно Гиёсуддин Мухаммад ва Мавлоно Чамолуддин барин донишмандон дарс медоданд». Дар охири асри 17 дар Регистони Бухоро Мадрасаи дигари Дорушшифо сохта шуд, ки дар он табибони ботачриба дарс медоданд ва беморонро муолича мекарданд. Дар асрхои минбаъда шумораи Мадраса дар Осиёи Миёна афзуд. Масалан, охири асри 19 дар Бухоро — 366, дар Самарканд — 19, дар Хева — 22, дар хонии Хева—120, дар хонии Куканд — 368, аз чумла дар Хучанд — 49, Тошкент —17 Мадраса буд. Сабаби микдоран зиёд шудани Мадраса охири асри 19 нисбатан бехтар гардидани иктисодиёт, инкишофи чамъияти ва мадании шахрхои Осиёи Миёна баъди хамрох шудан ба Россия буд. Дар гузашта тамоми Мадрасахои водихои точикнишин аз хисоби даромади вакф вучуд доштанд. Дар махалхои чанубу шарки кухистон вазъият дигар буд: шогирдон аз хисоби ахоли таъмин мешуданд.
Дар нимаи дуюми асри 19 ба туфайли авчи судхури пул хам ба Мадрасахо вакф карда мешуд, ки дар муомила фоида меовард. Аз руи шартхои вакф ба шогирдон факат 8 сол ёри медоданд, баъд он катъ мегардид. Азбаски Мадраса ба принсипхои табакаю синфхо асос ёфта буд, ба шогирдони камбaгaл кисми ками даромад мерасид. Мадраса дар хаёти чамъияти ва мадании шахр аз давлат мавкеи мухим дошт. Мударрисон дар Бухорои амири табакаи чорум буданд. Мударриси «банораспуш» ва мударриси «бекасабпуш», ки ба мадрасахои алохида таъин мешуд, аз дигарон фарк дошт. Мударрисони «банораспуш» имтиёзхои калон доштанд ва хангоми точгузории амирон даъват мешуданд.
Аз байни муассисахои динию илмии асри миёна: корихона, далоихона, дорулхадия, хонакох, масчид ва гайра факат дар Мадраса илм ва адабиёт инкишоф меёфт, маълумоти оли ба даст дароварда мешуд. Аа чумла, тамоми чамъомадхои адабии доирахои берун аз дарбор асосан дар Мадраса мегузашт. Аксар дар хамин мубохиса ва мунозирахо рохи ояндан эчодии олимон, шоирон ва дигар ходимони чамъият муайян мегардид. Дар охири асри 18 шумораи шогирдони Мадраса дар Бухоро ба 30 хазор нафар расида буд. Соли 1909 дар 120 Мадрасаи хонии Хева 9300 нафар, 1914 дар 368 Мадрасаи вилояти Фаргона 11056 нафар, дар Мадрасахои Хучанд 1000 нафар шогирдон тахсил мекарданд.
Дар Мадраса дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 фанхои азерин таълим дода мешуданд: забони араби, илми баён, таърих, фалсафа, мантик, риёзиёт, чугрофия, нучум, табииёт, кироати Куръон, ахкоми шаръ, фикх, калом, шариати калом ва гайра. Барномаи машгулият ва адабиёти таълими вобаста ба шароит ва ихтисоси мударрис тагйир меёфт. Дар Мадраса 5 руз дарс мешуд: шанбе, якшанбе, Душанбе, сешанбе, чоршанбе. Панчшанбе ва чумъа рузхои таътил буданд. Ибтидои тахсил ба охири сентябр рост меомад ва то миёнахои июн давом мекард. Ба Мадраса шогирдон аз синни 13—15 солаги кабул карда мешуданд. Аз руи маълумотхо, аз шумораи умумии шогирдон 80,4% — 25—30 сола, 13,1% — 20—24-сола ва 6,5% то 20 сола буданд. Хар Мадраса, вобаста ба даромади худ, мударрис, муъид, мукаррир, фаррош, имом, суфи, мучовир, сартарош, посбон, ошпаз ва гайра дошт. Ба хочагидори мутавалли мутасадди буд. Сохиби Мадраса, хоким ё козикалон мударрисро таъин мекард.
Дар Туркистони тореволютсиони вазифаи мударрис интихоби буд, уро дар чамъомади шогирдон интихоб мекарданд. Ба кори таълимии Мадраса мударрисон ва муъидон назорат доштанд. Занон ба тахсили Мадраса рох дода намешуданд. Мадраса дар давраи тараккии феодализм таъсис шудааст. Аз ин ру, рухияи хамон чамъиятро ифода менамуд ва гояхои синфхои хукмронро таргиб мекард. Ба хамин тарик, дар зарфи хазор сол Мадраса бисёр зиёиён, арбобони илм, адабиёт ва санъатро ба воя расонд. Мадраса дар сохаи маориф, илм ва маданият мавкеи мусбат дошт.