Маълумоти охирин

МУСАЛЛАС

sherМУСАЛЛАС (араби— сегона, се­тои), як навъи шеър аст, ки аз як­чанд

банд иборат буда, хар бан­ди он аз се мисраъ таркиб меёбад. Мусаллас хамчун шакли мустакили шеъри дар назми классикии форс-точик пас аз асри 15 ривоч ёфт. Мушфики эчодкори жанри Мусаллас дониста шудааст. Мусалласи Мушфики 14 банд дошта, ду мимраи аввали бандхои якум ва дуюм хамкофия меоянд. Ду мисраи аввали бандхои чуфти оянда инчу­нин мисраъхои сеюми хамаи бандхо бо якдигар хамкофия мешаванд: ааб, ааб, вгнб, ввб, ггб, гтб ва гайра. Масалан, банди якуми Мусалласи Мушфики чунин аст:

Рузе, ки ба савдои ту афсона шудам,

Бар шамъи таманнои ту парвона шудам.

 Афтод нигохе зи иноят ба манат.

Баъзан шоирон дар яке аа миераъхои банди охирини Мусаллас тахаллусашонро зикр мекарданд:

Шуд Мушфики аз доги чунун шайдои,

Гардид ба бозори гамат савдой,

Аа шеваи чодувони пурмакру фанат.

Мусаллас дар эчодиёти даханакии халк низ макоми муайян дорад. Сурудхои таърихи — сурудхои дар бораи Восеъ ва марсияхои халки бештар дар хамин шакл гуфта шудаанд, вале дар кофиябандии онхо фарк дида мешавад. Мусаллас пас аз Мушфики чандон ривоч наёфта бошад хам, вале аз эътибори ахли адаб тамоман берун намондааст. Баъзе шоирони асри 19 чун Фасехи, ба Мушфики пайрави карда, Мусаллас гуфтаанд. Дар адаби­ёти советии точик низ Мусаллас дучор ме­шавад. Абулкосими Лохутй, Мухаммадчон Рахими, Абдусаломи Дехоти ва дигар шеъру достонхои хурди худро дар шакли Мусаллас навиштаанд. Аммо кофиябанди дар Мусалласи онхо аз тарзи классики ва халки фарк мекунад.    З. Ахрори, С. Имронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …