Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ МАЪМУРИ

МУРОФИАИ МАЪМУРИ

murofiai-mamuriМУРОФИАИ МАЪМУРИ, 1) дар маънои васеаш татбики нормахои маъмурию хукуки ва халли корхои шахси аз тарафи органхои ичроия ва маъмурии хокимияти давлати; 2) дар маънои махдудаш доираи нор­махои хукукии органхои давлати доир ба халли масъалахои маъмурию хукуки.

Вазифаи Мурофиаи маъмурии совети таъмини конунияти сотсиалисти дар идоракунии давлат, химояи хукук ва манфиатхои хукукии гражданхои сове­ти мебошад. Мурофиаи маъмури меъёри муайян надорад. Гражданхо, ташкилотхои чамъияти, органхои давлати ва шахсони мансабдор иштирокчии Мурофиаи маъмури  шуда метавонанд. Онхо мувофики конун хукук ва ухдадории муайян доранд. Мурофиаи м.аъмури мунтазам инкишоф ёфта, ба кисматхои зер чудо мешавад: cap кардани корхои маъмури бо ташаббуси органхои давлати, ташкилотхои чамъияти  гражданхо, ки баъд ба органхои дахлдор фиристода мешавад; тадкик ва хал кардани мохияти кор, ки мухимта- рин чихати Мурофиаи маъмури мебошад; ичрои карор (хукм) оид ба кор, ки ба зиммаи органи карорбароварда ё худ ба органхои дигари идоракуни (мили­сия, маъмурияти муассиса, ташкилот ва гайра) гузошта мешавад. Мухлатхои мурофиавиро бояд риоя кард. Ба тарафхои иштироккунандаи Мурофиаи маъмури имкон дода мешавад, ки бо хамаи материалхои кор шинос шаванд, маълумотхои нав талаб кунанд, гувоху шохид даъват намоянд. Бояд дар асоси тартиби мукарраркардаи конун карор бароварда шавад. Тарафхо хукук доранд, ки аз болои карори дар Мурофиаи маъмури бароварда шикоят кунанд.

Инкишоф ва такмили минбаъдаи Мурофиаи  маъмури дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР бо демократи гардидани аппарати давлати алокаи мус­тахкам дорад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.