Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУНОСИБАТХОИ ЧАМЪИЯТИ

МУНОСИБАТХОИ ЧАМЪИЯТИ

munosibathoi-chamiyatiМУНОСИБАТХОИ ЧАМЪИЯТИ, робитахои мухталифи байни гуруххои ичтимои, синфхо, миллатхо, ки дар рафти хаёт ва фаъолияти иктисоди, сиёси, ичтимои ва маънавии онхо ба миён меоянд. Муносибатхои чамъияти дар робитаи мутакобили диалектики бо муносибатхои шахсии одамон ву­чуд доранд. Таъсири мутакобили. Муносибатхои чамъияти чихатхои мухими муносибатхои шахсиро муайян менамояд. Ин ду шакли муносибатро омехта намудан, аз чихати назарияви беасос ва амалан зарарнок аст. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс . Муносибатхои чамъиятиро аввалин бор материалистона таъбир намудаанд. Марксизм аз нуктаи назари илми исбот кардааст, ки конуни асосии системаи Муносибатхои чамъияти ба тарзи истехсоли неъматхои модди вобаста аст.

Одамон баробари истехсоли неъматхои модди Муносибатхои чамъиятии худро низ ташаккул медиханд. Дар чунин про­сесс шаклхои Муносибатхои чамъияти — иктисоди, ичтимои, сиёси, маънави, хукуки, ахлоки ва гайра ба вучуд меоянд. Мате­риализм мачмуи Муносибатхои чамъиятиро ба модди (базис) ва идеологи (надстройка) чудо менамояд. Дар инкишофи хаёти чамъияти муносибатхои моддию иктисоди ва истехсоли роли халкунанда мебозанд. Муносибатхои мод­ди нисбат ба муносибатхои идео­логи мукаддам буда, мавчудияти онхоро муайян менамоянд. Муносибатхои модди новобаста ба шуури чамъияти вучуд доранд. Зеро Муносибатхои чамъиятии одамон дар просесси истехсолот ва такрористехсол бе хохиши якдигар ташаккул меёбанд. Як катор шаклхои Муносибатхои чамъияти  барои хамаи формасияхои чамъияти якхела аст. Муносибатхои чамъиятие, ки бо­иси шикасти уклади чамъияти ва гузариши як формасияи чамъиятию иктисоди ба дигараш мегарданд, хусусияти револютсиони доранд. Муносибатхои чамъияти аз руи хусусияташон антагонисти ва гайриантагонисти мешаванд. Хусусияти антагонистии Муносибатхои чамъияти  ба моликияти хусуси будани воситахои ис­техсолот асос ёфта, ба сохахои гуногуни хаёти чамъият ва дигаргунсозихои он таъсири манфи мерасонад. Антагонизми Муносибатхои чамъияти  дар натичаи махву нобуд кардани моликияти хусуси ва синфхои истисморкунанда аз байн рафта метавонад. Чамъияти сотсиалисти, ки ба моликияти чамъияти асос ёфтааст, типи сифатан нави Муносибатхои чамъиятиро тачассум менамояд. Муносибатхои чамъиятии сотсиалисти дар асоси план, фахмиши илмии мохияту конунхои прогресси хаёти ичтимои ташаккул ва инкишоф меёбад. Аз ин ру, ба Муносибатхои чамъиятии коммунисти тадричан табдил ёфтани Муносибатхои чамъиятии сотсиалисти як амри конун аст.

Адабиёт: Асосхои фалсафаи марксисти-ленини, Душанбе, 1976; нигаред ба адабиёт. маколаи «Материализми таърихи», «Базис ва надст­ройка».

З. Мирзоев.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …