Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛЛОКАНДОВ Эмануил Эфраимович

МУЛЛОКАНДОВ Эмануил Эфраимович

personМУЛЛОКАНДОВ Эмануил Эфраимович (2. 6. 1912, Самарканд — 17. 8. 1977, Душанбе), мутарчими советии точик. Аз оилаи савдогар. Мусаххехи матбаа (1930),/ тарчумони адабии газетаи «Точикистони сурх» ва мудири шуъбап тарчумаи бадеии Нашриёти давлатии Точикистон.

Иштирокчии Чан­ги Бузурги Ватани. Дар Кавкази Шимоли, Кубан ва Замини Хурд — назди Новороссийск чангидааст. Пас аз чанг тарчумони адабии газетаи «Точикистони сурх» буд. Аз соли 1951 ходими калони илмии Институти таърихи партияи назди Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Точикистон. Якчанд асари Владимир Илич Ленин ва классикони марксизм-ленинизмро тарчума кардааст. Аз аввали солхои 40 ба тарчумаи бадеи машгул шудааст. Асархои Антон Павлович Чехов «Каштанка» (1935), Ч. Лондон «Дар талоши хаёт» (1936), Николай Островский «Зодагони туфон» (1939), П. Вершигора «Одамони поквичдон» (1949), М. Шолохов «Онхо дар рохи Ватан ме­чангиданд» (1949), «Дони ором» (1955—60), «Хикояхои Дон» (1966),

И. Эренбург «Барои сулх» (1952), Лев Толстой «Хикоятхои Севастопол» (1953), А. Макаренко «Достони пе­дагоги» (1953), М. Иброхимов «Рузе мерасад» (1953), Н. Гогол «Тарас Булба» (1953), «Чонхои мурда» (1955), «Шабнишинихо дар хутори наздики Диканка» (1971), М. Авезов «Абай» (1955), В. Белинский «Чанд макола» (1961), И. Тургенев «Се вохури» (1968), Чон Рид «Дах рузе, ки оламро ба ларза овард» (1964), Г. Флобер «Хонум Бовари» (1967), М. Е. Салтыков-Щедрин «Таърихи як шахр» (1974) ва гайраро тарчума намудааст. Доир ба наза­рия ва амалияи тарчума, забони асари тарчумави як катор маколахо дорад: «Назаре ба забони тарчума дар матбуоти точик», (журнали «Шарки Сурх», 1961, № 3), «Назаре ба кори пешина аз нуктаи назари тачрибаи имруза» (журнали «Шарки Сурх», 1963№ 12), «Haвисандагони точик ва забони руси» (журнали «Садои Шарк», № 1, 1974). Аз соли 1957 узви ИН Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР. Бо 3 медали чанги ва медали «Ба­рои мехнати шучоатнок» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …