Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОВАРОУННАХР

МОВАРОУННАХР

movarounnahrМОВАРОУННАХР (аз ар. он су, он тараф ва ё чуи калон, руд), сарзамини тарафи рости дарёи Аму. Пайдоиши ин истилох ба забткорихои арабхо дар Осиёи Миё­на вобаста аст. Замоне, ки арабхо Эрон, Хуросон ва соли 651 ш. Марвро забт намуда, ба сохили чапи дарёи Аму расиданд, диккати онхоро сарзами­ни тарафи рости дарьё ба худ чалб кард. Онхо барои истилои он дар Ху­росон волигии махсус (марказаш ш. Марв) ташкил намуданд. Дар арафаи тохтутози арабхо дар Мовароуннахр вилоят-давлатчахои Рашт, Бадахшон, Хуталон, Шуман, Ахарун, Чагониён, Тирмиз, Кеш, Нахшао, Бухоро, Хоразм, Сугд, Истаравшан, Чоч ва Фаргона мавчуд буданд. Парокандагии сиёси ва чангхои байнихамдигарии онхо ба арабхо имкон дод, ки ин кишвархоро забт кунанд. Сархади хилофати араб дар Шим. то сохили рости дарёи Сир, дар Ш. то Кошгар ва Помир, дар Г. то Хоразм ва дар Ч. то сохили бахри Арал мерасид. Бинобар он дар асрхои 8—9 мафхуми Мовароуннахр хамаи вилоятхои аз тарафи арабхо забткардашудаи сохили рости дарёи Амуро мефахмонд. Дар асрхои 9—10 хусусан дар давраи хукмронии сулолаи Сомониён Мовароуннахр ба яке аз кишвархои обод табдил ёфт. Гарчанде таъсири хилофати араб дар Мовароуннахр суст шуда, хокимият ба дасти хонадони махаллии Сомониён гузашта буд, вале мафхуми Мовароуннахр боки монда, то замони хозира дар адабиёти илмиву адаби дар истеъмол аст. Аз асри 10 мафхуми Мовароуннахр асосан музофотхои байни дарёи Аму ва Сирро мефахмонад.

Ад.: Бартольд В. В., Туркестан в эпоху монгольского нашествия. Соя., т.

  1. М., 1963; хамон муалл., Маверананахр. Соя., т. 3. М.. 1965.

А. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.