Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРИ ЧИПОР

МОРИ ЧИПОР

mori-chiporМОРИ ЧИПОР (Coluber), як чинси морро гуянд, ки ба оилаи Colubridae мансуб аст. Дар Европаи Гарби, Осиё, Африкаи Шимоли ва Шарки, Америкаи Шимоли ва Маркази кариб 30 намудаш зиндаги мекунад. Дар СССР 7 намуди он дар кисми чануби Европа Крим ва кисми асосии Кавказ), Осиёи Миёна ва Казокистон маскун шудааст. Дар Точикистон 4 намудаш аст: Мори чипори кундаланграх (С. karelini), сурхрах (С. rhodorhachis; ниг. расм), гуногунранг (С. raverdieri) ва холдор (С. tyria). Мори чипори кундаланграх мори хеле борик (дарозиаш 65—70 см) буда, дар регзорхои нохамвор, инчунин дар чойхои гилноку шурзамин, янтокзор ва г., Мори чипори сурхрах (дарозиаш 60—90 см) дар нишебихои санглохи дарахо, шгета ва токзорхо, Мори чипори гуногунранг (дарозиаш 60—140 см) бештар дар нишебихои буттазори доманакуххо, назди чуйбори кухна, богу харобазорхо ва Мори чипори холдор (дарозиаш 80—140 см) дар биёбонхои регзор зиндаги мекунанд. Мори чипори гуногунранг дар Точикистони Чануби Гapби, Маркази ва Шимоли пахн гаштааст. Мори чипор аз хоби зимистони моххои март — апрел бедор мешавад. Дар мавсими гарми сол то сентябр фаъол аст. Хурокаш асосаи холидаю паррандахои хурд ва калтакалос мебошад. Хамаи морхои чипор тухмгузоранд. Тухмгузори моххои июнь — июль давом мекунад. Мори чипори модина то 25 тухм мегузорад. Мори чипор барои одам безарар аст.

Ад.: Черпов С. А., Фауна Таджикской ССР, т. 18, Пресмыкающиеся Д., 1959.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …