МОЛДАВИХО (худ молдовень гуянд), миллат, ахолии асосин РСС Молдавия. Шумораи умумии Молдавихо дар СССР 2968 хазор нафар (1979). Дар РСС Молд. 2526 хазор нафар, РССУ 294 хазор нафар, РСФСР 102 хазор нафар, дар республикаи дигар 40 хазор зиндаги мекунанд. Бо забони молдави гап мезананд. Мазхаби диндорон православи. Дар атногенези Молдавихо ду давра ба назар мерасад: ташаккули умумияти этникии романихои шарки — волоххо (валаххо) ва ташаккули халкияти молдав. Волоххо дар кисми шимоли нимчазираи Балкан ва доманаи каторкуххои Карпат дар асоси гурухи кабилахои фракияги ташаккул ёфтанд, ки ин кабилахо дар асрхои аввали милод давраи романикунониро аз cap гузаронида, аз асри 6 зери таъсири гуруххои этникии славянхо ва г. монданд. Дар чараёни инкишофи этникии волоххо халкияти молдав чудо шуда, дар кисми шаркии доманаи куххои Карпат ташаккул ёфт. Дар нимаи аввали асри 14 давлати феодалии молдав пайдо шуда, сонитар заминхои сохили шаркии дарёи Прутро хам ба худ хамрох кард ва дар ин сарзамин халкияти молдав ба кулли ташаккул ёфт. Молдавия аз асри 16 то 19 тобеи Туркия буд. Аввали асри 19 як кисми Молдавия байни дарёхои Прут ва Днестр (Бессарабия)— аз юги туркхо озод ва ба Россия хамрох карда шуд. Дар Бессарабия муносибатхои капиталисти инкишоф ёфта, зиёиёни милли пайдо шуданд. Дар аввали асри 20 миллати мустакили молдав ташаккул ёфт. Соли 1918 Румынияи буржуази-помещики Бессарабияро аз Россияи Совети чудо ва ба худ хамрох кард. Соли 1924 дар районхои сохили чапи Днестр — дар мавзеъхои сукунати Молдавихо РАСС Молд. (дар хайати РССУ) барпо карда шуд. Соли 1940 Бессарабия ба СССР баргардонида, дартерр. РАСС Молдавия ва кисми калони Бессарабия РСС Молдавия ташкил дода шуд. Халки молдав дар солхои Хокимияти Совети ба миллати мутараккии социалисти табдил ёфта, ба комёбихои бузурги сиёсию иктисоди ва мадани ноил гардид. Баробари тараккиёти саноат шумораи коргарону хизматчиён афзуд. Адабиёт, санъат ва маданият ривочу равнак ёфтанд. Рочеъ ба таърих, хочаги, маданият ниг. Молдавия.