Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДДАХОИ ЗАХРНОК

МОДДАХОИ ЗАХРНОК

moddahoi-zahrnokМОДДАХОИ ЗАХРНОК, пайвастхои химиявии захрноке (адамсит, зарин, зоман, иприт, табун, фосген ва г.)-ро гуянд, ки барои захролуд кардани хаво, об, ашьё, манзилгоху панохгоххо, майдони чанг ва г. ис­тифода мешаванд. Захри Моддахои захрнок дар хаво, об, ашё ва г. муддате боки мемонад. Буги Моддахои захрнок бо шамол ба масофаи дур пахн мешавад. Моддахои захрнок ба организм ба воситаи пуст, пардаи луоби, системаи хозима ва рохи нафас дохил шуда, зарар мерасонанд. Моддахои захрнок аз чихати дарачаи таъсирашон якчанд хел мешаванд: Моддахои захрноки тамоми организмро захролудкунанда (кислотаи цианид, хлорциан, фос­ген), асабро фалачкунанда (зарин, зоман, табун), ба бофтахо зараррасонанда (иприт, люизит), нафастангкунанда (фосген, дифосген, трифосген) ва г. Чунин тасниф аслан нисбист, чунки аксари Моддахои захрнок организмро ба тамом захролуд мекунанд. Моддахои захрнокро аввалин бор 22 апрели 1915 дар Чанги якуми чахони немисхо дар ш. Ипри Бельгия истифода бурдаанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …