Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДДАХОИ ТАРКАНДА

МОДДАХОИ ТАРКАНДА

modai-tarkandaМОДДАХОИ ТАРКАНДА, пайвастхои химияви ё омехтаи моддахоеро гуянд, ки кобиланд тез ба реакцияхои химияви дохил шуда, гармии зиёд ва газ хорич кунанд. Ин реакцияхо дар ин ё он нукта аз гарми, зарба, соиш, таркиши дигар моддахои тарканда ва г. ба вучуд меоянд. Суръати сузиши Моддахои тарканда гуногун буда, аз якчанд хиссаи мм/сон то даххо м/сон, суръати детонация бошад, зиёда аз 9 км/сов мешавад. Моддахои тарканда сахт, моеъ, гази ва инчунин омехта шуда метавованд. Манбаи асосии энергияи таркиш оксидшави аст. Оксидкунанда худи оксигени таркиби Моддахои тарканда буда, бе хаво ба амал омадани таркишро таъмин менамояд. Баъзе моддахои беоксиген (азидхо, ацетилен, ацетиленидхо, диазопайвастхо, гид­разин, хлорид ва иодиди нитроген, омехтаи моддахои сузанда бо галогенхо ва г.) низ таркиш ба амал оварда метавонанд. Лекин ин моддахо ба сабаби захрноки, ноустувори, арзиши баландашон чун Моддахои тарканда исти­фода намешаванд. Аз моддахои сершуморе, ки метавонанд таркиш ба вучуд оранд, 20—30 хелашон чун Моддахои тарканда истифода мешаванду бас. Мухимтарини онхо нитропайвастхо (три­нитротолуол, тетрил, гексоген, октоген, нитроглицерин, тетранитропентазритрит — ТЭН, нитроцеллюлоза, нитрометан ва г.) ва намакхои кислотаи нитрат (хусусан нитрати аммоний) мебошанд. Одатан ин моддахоро дар холати омехта (мас., омех­таи октоген, гексоген ва ТЭН бо тро­тил, омехтаи нитроглицерин бо витрогликол) истифода мебаранд.

Моддахои тарканда дар хочагии халк, техникаи харби, тадкикоти илми (мас., сохтани роххо, хосил кардани харорат ва фишори баланд) ва г. фаровон исти­фода мешаванд.

Ад.: Горст А. Г., Пороха и взрыв­чатые вещества, М., 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.