МИРАБДУЛКАРИМИ БУХОРОИ (соли таваллуд номаълум — вафот 1830, Константинополь) муаррих ва дипломат. Мирабдулкарими Бухорои дар Бухоро таваллуд шуда, дар хамон чо тахсили илм кардааст. Солхои 1804— Об дар хайати сафорати аморати Бухоро ба Москва, Петербург ва Астрахань сафар кард, 1807—06 ба сифати ёрдамчии сафири Бухоро ба Туркия рафт. Дар Константинополь саркотион сафири Бухоро дар Туркия буд. Мирабдулкарими Бухорои бо маслихати собик мудири шуъбаи дини Вазорати маорифи Туркия — Орифбой-афанди соли 1818 вокеахои таърихии солхои 1740— 1818-и Осиёи Миёна, Туркистони Шарки, Тибет ва баъзе нохияхои Хиндустонро дар мачмуаи алохидае каламдод намуд, ки он бештар бо номи «Таърихи Осиёи Миёна» машхур аст. Дар асар махсусан рочеъ ба таърихи Афгонистон, Бухоро; Хева ва Куканд маълумоти фаровон мавчуд аст. Баъзе нусхахои дастхати китоб дар китобхонахои Лондон, Париж, Истамбул, аз чумла дар захираи дастнависхои шаркии АФ РСС Точикистон, тахти раками 250 махфузанд.
Ад.: Материалы по истории туркмен, Туркмении, т. 2, М.— Л., 1938; Бартольд В. В.. Абд ал-Керим Бухари, Соч.. т. 8. М.. 1973.
А. Мухторов.