Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛЛЬ

МИЛЛЬ

millМИЛЛЬ (Mill) Чон Стюарт (20. 5. 1806, Лондон — 8. 5. 1873, Алипьон), файласуф, позитивист, иктисодчи ва ходими чамъиятии аиглис. Ба чахонбинии Милль иктисоди сиёсии Д. Ри­кардо, таълимоти утилитарии И. Бентам, фалсафаи (Беркли, Д. Юм, О. Конт, психологияи Д. Гартли ва Чеймс Милль таъсир кардааст. Ба акидаи Милль хамаи дониш аз тачриба буда, предмети он эхсоси мост. Милль хам материализм ва хам идеализмро ду ифроти «метафизики» медонист. У акида дошт, ки материя махз имконияти доимии эхсосот, рух имконияти доимии идрок аст. Як катор нуктахои фалсафию мантикии позитивизми О. Контро маъкул дониста, таълимоти ичтимоию сиёсии уро инкор намудааст. Мувофики акидаи Милль ашё берун аз ид­рок вучуд надорад. Инсон факат «зухуроте» (эхсос)-ро дониста метавонад, ки аз доираи он берун баромадан мумкин нест. У дар асари «Системаи мантик» дедукцияро хамчун методи донистани донишхои нав рад ва роли индукцияро ба тав­ри метафизики муболига намуда, методи тадкики индуктивии аломхои сабабиро баён кардааст. Милль дар сохаи ахлок («Утилитарнанизм, 1863) ба И. Бентам пайрави карда, хис ва принципхои ахлокиро аз тачриба медонист. Дар сохаи иктисодиёт («Асосхои иктисоди сиёси ва баъзе иловахо ба фалсафаи ичтимои») ба чои назарияи арзиши мехнати Д. Рикардо назарияи вулгарии харчи истехсолотро пешниход намуд ва тарафдори мальтусгари буд. Милль аз руи акидахои ичтимоию сиёсии худ либерали буржуазист.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …