МИКРОСПОРИЯ (аз микро… ва юн. sporа — тухм, кишт), касалии занбуругии одам ва хайвонотро гуянд, ки ба гурухи трихомикозхо (ниг. Дерматомикоазхо) мансуб буда, онро асосан микроспорони занга ва микроспорони пашмак ба вучуд меоранд.
Микроспорияи одам. Ба шахси солим аз хайвон ё одами касал мегузарад. Асосан бачагон гирифтор мешаванд. Кисми муйдори cap, зору, муйлаб, манах зарар дида, муй мурт ва дар чои сироятёфта догхои сурхча пайдо мегарданд. Микроспория дер давом карда, дар давраи балогати чинси худ аз худ бархам мехурад. Муолича: истифодаи антибиотики гривеофулвин; та бобати пусти осебёфта бо дорухои Йод ва сулфурдор; тарошидани муй.
Микроспорияи хайвонот. Ба он гурба, саг, хайвоноти дарранда, асп, хук, маймун, хояндахо ва г. гирифтор мешаванд. Манбаи асосии барангезанда хайвони касал мебошад. Барангезанда ба организми солим ба воситаи чарохати пуст дохил мешавад. Рехтани муй, шахшулии пусти бадан ё илтихоби пуст аломатхои асосии Микроспория хисоб меёбанд. Аз касали одатан cap, хусусаи буни гуш, болои чашм, лаби поён ва инчунин гардан, пойхои пеш, бадан, думгоза осеб мебинад. Дар чои иллатноки бадан догхои мудаввар ё байзашакли карахш ё пулакчанок хосил шуда, пуст гафс мегардад, муй мурт мешавад ва мерезад. Пиёзаки муй аз чамъ шудани спорахои занбуруг гафс мегардад. Занбуруг бо пулакча ва карахшхо ба хок, фарши хона, девор ва г. афтнда, дер гох зинда мемонад.
Чорахои мубориза: бо тези ошкор намудани касали (бо ёрии тахлили люмшюсцоити) ва изоляцияи хайвонхои касал. Муолича: андешидани тадбирхои катъии ветеринаре, хатман махв намудани саг ва гурбахои бесохиб.