Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЪДА

МЕЪДА

medaМЕЪДА, кисми васеи наи хозима, ки дар он хурок хазм мешавад. Меъдаи хайвонот ду хел аст: Меъдаи гадуди ё хозима ва Меъдаи мушаки ё жованда. Меъдаи гадуди дар деворааш гадудхои хозима дорад. Девораи Меъдаи мушакиро кутикула фаро гирифтааст. Меъдаи як катор хайвонхои бемухра (баъзе рудаковокхо, пахнкирмхо, халкакирмхо ва г.) ба кисми руда табдил ёфтааст. Меъдаи хайвонхои мухрадор дар кафои сурхруда чойгир шудааст. Меъдаи нохихо аз якчанд кисмхо иборат аст. Кисме, ки аз сурхруда cap мешавад кардиали ва кисме, ки ба рудаи дувоздахангушта медарояд, пилори номида мешавад. Кисми халташакли байни кисмхои кардиали ва пилори хобидаи Меъда асри М, ном дорад. Меъда бо эпителияи яккабата пушида шуда, дар он гадудхои найчашакл чой гирифтанд. Дар бештари мохихо, обхокихо, хазандахо ва паррандахо гадудхои зери Меъда ва гадудхои пилории Меъда аз хам фарк мекунанд. Аксари ширхурхо (ба гайр аз даррандахо ва приматхо) гадудхои кардиали низ доранд. Гадуди Меъда луоб ва шираи Меъда чудо мекунад. Меъдаи ширхурхо ба сурхруда ва кисмхои кардиалию пилори чудо мешавад. Меъдаи баъзе хайвонхои жованда нисбатан мураккаб ва аз 4 кисм иборат аст: шикамба, тур, хазорхона ва ширдон (расми 1). Аз онхо танхо ширдон гадуд дорад. Дар уштур девораи шикамба чукурчахои зиёд дорад, ки дар онхо об захира мешавад.

Расми 1. Меъдаи гусфанд . (таогрех шудааст): 1 — сурхруда- 2—шикамба; 3 — тур, Ь—хазорхона; 5— ширдон; 6 — рудаи давоздахангушга; 7 — тарновча.

Меъдаи одам (расми 2) кисми васеи наи хозима буда, шаклан ба халтачаи дарозруя монанд аст. Кисми зиёди он дар тарафи чапи болои ковокии шикам ва як кисми он дар тарафи рост чойгир шудааст.

Расми 2. Меъдаи одам: А — намуд аз пеш (1 —асри меъда; 2 — хаыия калон; 3 — чарбуи калон (буридаги); 4 — кисми дарбон; 5 — рудаи дувоздахангушта; 6—хами хурд; 7—чарбуи хурд (буридаги); 8 — даромадгохи меъда; 9 — сурхруда); В — пардаи луоби.

Меъдаи одам аз кисмхои зерин иборат аст: девораи пеш ва кафои Меъда, зери Меъда, даромадгох ва баромадгох. Девораи Меъда аз пардаи серози ё шикампарда ва пардаи луоби таркиб ёфтааст. Дар асри пардаи луоби гадудхои луобчудокунанда ва ферментчудокунанда, ки сафедаро тачзия мекунанд, чойгир шудаанд. Гадудхои асри Меъда пепсин ва кислотар дрогенхлорид чудо мекунанд. Дар байни Меъда ва рудаи дувоздахангушта сфинктери пилори чойгир шудааст, ки вай халшавии хурокро ба танзим медарорад. Шохчаи токаи системаи зортаи шикам Меъдаро аз хун таъмин мекунад. Шохчаи асаби гумрох ва бофти асабхои симпатикии шикам бошанд, Меъдаро бо асаб таъмин мекунанд. Чудошавии ферментхо, тираи Меъда ва кислотаи гидрогеихлорид, ба микдору сифати хурок вобаста буда, ба воситаи омилхои нейрогуморали танзим меёбанд. Меъда ба гайр аз функцияхои асосии худ (коркарди химияви, механики ва ба руда даровардани хурок) функцияи мухофизат (бактерициди, таъсири бактериостатии кислотаи гидрогеихлорид ва лизоцим) ва чаббишро низ адо мекунад. Фаъолияти Меъда бо нигохдории гомеостаз дар организм, мубодизаи обу намак, функцияи гурда, гадудхои секрецияи даруни, гардиши хун ва г. алокаи зич дорад. Сигналхое, ки хангоми ангезиши рецепторхои Меъда ба системаи асаби маркази дохил мешаванд, боиси хисси гуруснаги, ташнаги ва г. мегарданд.

Оид ба беморихои М. ниг. Гастрит, Зажми меъда ва Pудaи дувоздахангушта ва г.

Ад.: Рааенков И. П., Новые данные по физиологии и патологии пнщеваревия (Лекции), М., 1948; Уголев А. М., Пищеварение и его приспособительная эволюция. М., 1961.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …