Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕТОДИ МУКОИСАВИ-ТАЪРИХИ

МЕТОДИ МУКОИСАВИ-ТАЪРИХИ

МЕТОДИ МУКОИСАВИ-ТАЪРИХИ дар адабиёт, як кисми адабиётшиноси, ки робита ва муносибатхои адабии байналмилали, шабохат ва тафовути ходисахои адабиро дар адабиёти халкхои гуногун меомузад. Монандии ходисахои адаби ё ба шабохати инкишофи ичтимои ва адабии халкхо ё ба равобити маданию адабишон вобаста аст. Холати якум шакли типологии мутобикати адаби ва дуюм шакли робита ва таъсири процесси адаби мебошад. Ин ду шакли равобити адаби аз хам чудо нестанд, вале баромехтани онхо дар тадкики равобити адаби низ шоиста нест, зеро дар ин хол хавфи ба таъсири адаби табдил додани робитахо ба вучуд хохад омад. Шарти асосии омузиши мукоисавии адабиётхо конунияти ягонаи инкишофи ичтимоию таърихии инсоният аст. Хатто дар мавриди набудани робитаи бевоситаи адаби, дар сурати мувофикати авзои ичтимои, ба вучуд омадани умумияти типологии адаби мумкин хохад буд. Мавзуи бахси М. м.-т. мукоисаи адабиёти ду ё зиёда халкхо, эчодиёти нависандагон ва хатто асархои чудогона шуда метавонад. Муносибатхои адабиёти халкхои гуногуни олам, ки бо инкишофи муносибатхои чамъияти вобаста аст, инкишофи мархилавии хамаи адабиётхо ва дар зимни ин мархилахо ба хам мувофикат кардани онхо мебошад. Мас., халкхои Шарку Гарб дар ибтидои феодализм давраи инкишофи эпоси кахрамонии халкиро аз cap гузаронидаанд. Ё «романхои халкии» адабиёти асрхои миёнаи мо ба романхои рыцарии («чавонмарди») халкхои Европа мутобикати азиме доранд. Адабиёти халкхои Европа якчанд даврахои ба хам муштарак, даврахои Эхё, классицизм, романтизм, реализми танкиди ва натурализмро аз cap гузаронд. Холо реализми социалисти на танхо методи адабиёти совети, балки методи асосии адабиёти халкхои зиёде шудааст. Дар олам халке нест, ки бе робитаи ичтимои, сиёси, мадани ва адаби бо дигар халкхо вучуд дошта бошад. Халки точик аз кадим бо мардуми Хиндустон робитахои маданию адаби дошт. Хатто чандин асархои адабию ахлоки, мисли «Калила ва Димна» аз хинди ба адабиёти точик гузаштаанд. Ташаккули адабиёти забони дариро дар давраи ислом бе шакли шеъри араб наметавон тасаввур кард. Лекин равобит ва таъсири адабиро ба тарзи сунъи, аз интиколи конунхои шаклу мазмуни як адабиёт ба адабиёти дигар донистан раво нест. Мувофикати эхтиёчи маънавии як халк ба шаклу мазмуни адабиёти халки дигар аз руи конуни диалектики ба амал меояд. Яке аз шаклхои маъмули равобити адаби таъсири адабиёти халкхои пешкадам ба халкхои дигар мебошад. Таъсиру эътиборе, ки адабиёти рус 64 адабиёти дигар халкхои совети дорад, мувофики талаботи хамин конун аст. Робитахои адабии байни халкхои гуногун ходисаи таърихист ва дар хар давру замон шаклхои гуногун хохад гирифт. Омузиши робита ва таъсири байни адабиётхои олам дар acocи М. м.-т. аз а. 19 ривоч гирифтааст (Гёте ва акоиди у дар бораи «адабиёти чахони»). Саромади М. м.-т. дар Россия А. Н. Веселовский мебошад. Дар «Поэтикаи таърихи» (1870—1906) у кушидааст, дар доираи адабиёти умуми материали адабиётхои гарбиву шарки ва славяниро чамъ оварда, конуниятхои инкишофи чараёни адабиро нишон бидихад.

Аз соли 1955 Ассоциацияи байналхалкии адабиётшиносии мукоисави (марказаш Париж) амал менамояд, ки якчанд конгрессхо гузаронида дар нашрияи махсусе материалхои онхо ба табъ расидаанд (International comparative literature association. Procedings of the Congress», V.1—6, 1955—70). Дар адабиётшиносии совети масъалаи омузиши мукоисавии адабиётхои сермиллати совети, таъсир ва робитаи байни онхо яке аз масъалахои мухим ба шумор меравад. Соли 1960 Институти адабиёти чахони доир ба ин масъала мубохисае ташкил намуд. Баъдтар Институти мазкур ба тайёр кардани асари 10-чилдаи «Таърихи адабиёти умумичахони» шуруъ кард.

Ад.: Взаимосвязи и взаимодействия национальных литератур. Материалы дискуссии, М., 196,1; Ломидаег., Методологические вопросы научения взаимосвязей и взаимообогащения советской литературы, М., 1963; Взаимосвязи и взаимодействия литератур мира. Библиография (1961—4965), ч. 1—2, М.. 1968; хамон асар (1966—1970), ч. 1—2, М., 1973.

Х.Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …