Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МЕТАГАЛАКТИКА

МЕТАГАЛАКТИКА

metagalaktikaМЕТАГАЛАКТИКА (аз мета… ва Галактика), мачмуи хамаи системахои ситорагиест, ки як кисми он мачмуи тамоми галактикахои бо телескопхои хозиразамони оптики, рентгени ва радиотелескопхо мушохидашударо (такр. 1 млрд) фаро мегирад Баъзан мафхуми Метагалактикаро бо мафхуми Коннот айният медонанд, харчанд ки вучуд доштани Метагалактикахои дигар аз эхтимол дур нест. Метагалактикахо, радиогалактикахо, квазархо ва дигар объектхои астрономи ба хайати Метагалактика дохил мешаванд. Дар фазои байни ин объектхо ситорахои чудогона, газхои тунуку чанги кайхони, афканишоти электромагнитию корпускулави пахн шудаанд. Дар даруни тарокумхои галактики бошад, баъзан гарду чанги кайхони мушохида мешавад. Ба кадри такмил ёфтани воситахо мушохидаи объектхои нав ба нави кайхонии кашф мекунанд ва пайваста тассавуроти илмии мо дар боби таркиби Метагалактика торафт васеу гани гардад. Бино ба маълумоти навин миёнаи модда дар кисми мушохидашудаи Метагалактика ба 10-10 гсм мерасад. Лекин дар дохили Метагалактика шкилахои бузургу гайриякчинса бисёранд, ки аз чихати андозаву накиб хеле мухталифанд. Чунончи, тарокумхои галактикие хастанд, ки даххо садхо ва хатто хазорхо галактикахоро дар бар мегиранд. Галактикаи мо бошад, якчоя бо якчанд галактикахои ба вай наздик ба хайати тарокуме дохил мешавад, ки онро гурухи махаллии галактикиахо меноманд. Тарокуми мазкур дар навбати худ эхтимол ба хайати як абри бузурги кайхони дохил шавад. Дар ядрои ин абр тарокуми азиме хаст, ки аз чандин хазор галактика иборат буда, хар аз бурчхои Сунбула ва Гесу (аз мо дар масофаи так 40 хаз. соли нур) намоён мебошад. Дар бораи шаклу андоза ва сохти М. хануз ягон маълумоти дакики астрономи дастрас нашуда аст.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …