МЕРИНОСХО (исп. merinos), як навъ зоти гусфандхои махинпашм. Ватани ин гуна гусфандхо Осиёи Пеш буда, баъдхо дар мамлакатхои сохили б. Миёназамин, дар нимаи асри 18 дар мамлакатхои Европаи Гарби, Америкаи Шимоли, Австралия ва дар охири асри 19 дар Россия пахн шудааст. Дар аввали асри 20 дар Россия якчанд навъхои аз дигар мамлакатхо овардашудаи Мериносхо (инфантахо, негретти, рамбулье) ва инчунин Мериносхои ба вучуд овардаи селекционерони рус (инфантадои руси, мазаеви, навкавкази) парвариш карда мешуданд. Селекционерони совети Мериносхои сергушту равгани аскани, совети, озари, кавкази, олтой, ставрополи, грозныйги ва г.-po ба вучуд овардаанд. Пашми Мериносхо аз торхои тибитии борик (15—25 мк) иборат аст. Вазни меш-хо 40—60 кг, кучкорхо 80—100 кг. Аз кучкорхо 8—12 (баъзан то 30,6) кг ва аз мешхо 4—6 кг пашм метарошанд. Мериносхоро барои сермахсулгардонии гусфандони ниммахинпашм ва дуруштпашм истифода мебаранд. Мериносхо дар бисьёр мамлакатхои дуньё (асосан дар Австралия, СССР, РАЧ), парвариш мешаванд. Дар СССР асосан дар Украина, Крим, Кавкази Шимоли, Поволжия, нохияхои Сибири Чануби, РСС Каз., РОС Кирр. парвариш мекунанд.
Ад.: Овцеводство, М., 1963; Руководство по разведению животных, т. 3, М., 1965.