Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕХАНИКАИ ОСМОНИ

МЕХАНИКАИ ОСМОНИ

mekhanikai-osmoniМЕХАНИКАИ ОСМОНИ, як кисми астрономия буда, харакати чирмхои кайхони, аз чумла, чирмхои системаи Офтобро дар асоси конуни чозибаи чахони меомузад. Кисми асосии Механикаи осмони муосирро астродинамика ташкил медихад, ки он харакати чисмхои маснуи кайхониро меомузад. Истилохи Механикаи осмониро аввалин маротиба ба илм П. Лаплас (1796) дохил кардааст.

Масъалахое, ки ба халли онхо Механикаи осмони машгул аст, инхоанд: 1) тадкики харакати чирмхои осмони дар майдони чозиба (холатхои хусусии масъалаи п чирм, алалхусус масъалаи ду чирм ва масъалаи се чирм); 2) буньёди конунхои математикии харакати чисмхои табии ва маснуи кайхони (сайёрахо, радифхо, кометахо, бондхои кайхони);3) мушохидахои астрономиро бо тадкикотхои назарияви мукоиса намуда, дар асоси онхо муайян кардана собитахои умдаи астрономи (упсурнои мадор, массаи сайёрахо, шакли Замин ва киматхои ададии бузургихои майдони чозибаи онро ифодакунанда); 4) тартиб додани эфемеридхои астрономи (солномахои астрономи).

Механикаи осмони аз илмхои кадимтарин аст. Халкхои Шарки бостони дар асри 6 то м. дар сохаи харакати чирмхои осмони донишхои амик доштанд. Аммо дар тули асрхо ин донишхо факат ба кинематикаи эмпирии системаи Офтоб оид буданду бас. Ба Механикаи осмонии муосир И. Ньютон дар «Усулхои математикии табиатшиноси» (хикмати табиат) ном асараш асос гузоштааст (1687). Конуни чозибаи Ньютон дар байни ахли илм бо душвори эътироф мешуд. Бо вучуди ин ниманон асри 18 маълум гардид, ки назарияи Ньютон умдатарин хусусиятхои харакати чисмхои системаи Офтобро ба хуби шарк медихад (Ж. Даламбер, А. Клеро). Ж. Лагранж ва П. Лаплас методхои классикии назарияи ошубхоро кор карда баромаданд. У. Леверье (а. 19) аввалин шуда назарияи хозиразамони харакати сайёрахои калонро тартиб дод. Назарияи сайёрахои калон минбаъд дар тадкикоти астрономхои америкои С. Ньюком ва Ч- чилд (1895—98) инкишоф ёфтанд. Асри 20 дар сохаи такмили усулхои математикии М. о. комёбихои бузург ба миён овард. Математики франсави А. Пуанкаре, математики рус А. М. Ляпунов ва астрономи фин К. Сундман назарияи М. о.-ро инкишоф доданд. Дар миёнаи асри 20 ба кадри баланд шудани сахехии мушохидаи чирмхои осмони, инкишоф ёфтани методхои мушохида ва фаро расидани имконияти бо ёрии бандхои кайхони ва радифхои маснуи Замин гузаронидани тачрибахо боиси ахамият пайдо кардани хисоби эффектхои релятивисти дар харакати чирмхои системаи Офтоб гардид. Проблемахои мазкурро М. о.-и релятивисти хал карда ва он дар навбати худ ба назарияи умумии нисбияти Эйнштейн такья менамояд (ниг. Чозиба). Назарияи умумии нисбият ходисаи чозибаро амиктар маънидод мекунад ва аз ин чихат гап дар сари таъдили ноте ба назарияи маъмули (нютонии) харакати чирмхои осмони нест. Дар СССР тадкикот дар сохаи Механикаи осмони тахти салохияти марказхои илми: Институти астрономияи назариявии АФ СССР (Ленинград) ва кафедраи механикаи осмонии Университети давлатии Москва пеш бурда мешавад. Мас., дар Ленинград бо масъалахои тартиб додани солномахои астрономи, хисоб кардани эфемеридхои сайёрахои хурд ва г. машгул шаванд, дар Москва тадкикоти проблемахои астродинамика мавкеи мухимро ншгол кардаанд.

Ад.: Дубошин Г.Н., Небесная механика, М., 1975.

Н. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …