Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / МАВРИТАНИЯ

МАВРИТАНИЯ

mauritaniaМАВРИТАНИЯ, Республикаи Исломии Мавритания (франс. Republigie Islamigie de Mauritania, ap. ), давлат дар Шимолу Гарбии Африка. Дар Гарб то сохилхои укёнуси Атлантик, дар Шимол то сархадхои Алчазоир ва Сахрои Кабири Магриб, дар Шимол ва Чануб то сархадхои Мали ва Сенегал пахн шудааст. Масохати 1030,7 хазор км2. Ахолиаш 1,59 млн нафар (1979). Пойтахташ ш. Нуакшот (ахолиаш 140 хазор нафар, 1978). Аз чихати маъмури Мавритания ба 8 район ва 1 округи пойтахти таксим шудааст.

Сохти давлати. Мавритания— республика. Мувофики хартияи конституциони аз 10 январи 1980 тамоми хокимият дар дасти раиси Комитети харбии начоти милли (КХ.НМ). Органи конунбарор — Мачлиси милли.

Табиат. Кисми зиёди терр. Мавританияро биёбонхои регзору санглохи Сахрои Кабири Магриб ишрод кардаанд. Дар сохили укёнуси Атлантик пастихо, хамворихо ва чазирахо бисьёранд. Рельефаш бештар аз хамворихои васеи паст ва пуштакуххои на он кадар баланд иборат аст. Дар Шимол баландии Адрар вокеъ аст (к. Амоазага, 732 м), дар Чануб пуштакуххои регзори Тагант, Асаба ва г. мавчуданд (баландии миёна 300—400 м). Баландихо ва пуштакуххо бо биёбонхо ва хомахои per ихота шудаанд. Аз сарватхои зеризамини маъданхои охан ва мис, вольфрам, намак мавчуданд. Иклимаш тропикии биёбони. Харорати миёнаи январи 16—20° С, июль 30— 32° С. Боришоти солона аз 100 мм камтар, дар Шимолу Шарк такрибан 50 мм. Гайр аз д. Сенегал дигар обхои райони доими надорад, аз обхои зеризамини ва чашмахои камшумор истифода мебаранд. Дар нохияхои Мавритания растанихои хушадору буттагии биёбони меруянд. Дар Чануб нимбиёбонхое хастанд, ки дар онхо буттахои хушкидуст ва акокиё меруяд. Олами хайвоноти Мавритания аз намудхои ба биёбонхо хоси хайвонот бештар хазанда ва хояндахо, аз даррандахо— шагол, рубох, шутурмургхо, сумдорхо иборат аст. Дар обхои назди сохил мохихои гуногун (сардина, тунец, мерлан ва г.) бисьёранд.

Ахоли. Зиёда аз */« хиссаи сокинони тагчои арабхои Сахрои Кабири Магриб (маврхо) мебошанд. Як гурухи на он кадар калони барбархо — эенегахо низ боки мондаанд. Бокимонда мавританихо — халкхои негроиди: тукулерхо, волоф, фульбе (пель), сараколе, соннике ва г. Аз ачнабиён асосан франсавихо зиндаги мекунанд. Забони расми — араби ва франсави. Дини расми — ислом (суннихои малакути). 85% ахоли бо корхои хочагии кишлок машгул аст, аз 3/ч хиссаи онхо чорводори нимкучманчи ва кучманчи мебошанд. Шахрхои калонтарин: Нуакшот, Нуадибу, Чузрат, Росо, Атар.

Очерки таърихи. Дар асрхои 7—11 кисми чануби Мавритания ба хайати давлатхои асримиёнагии Африкаи Гарби (Гана, Текрур) дохил буд, дар терр. Мавританияи Шимоли якчанд давлатчахои барбархо — санханхо мавчуд буданд. Дар асри 11 давлати тавонои Алморанихо ба вучуд омад. Дар асархои 13—14 кисми чануби Мавритания ба давлати асримиёнагии Мали тобеъ буд. Дар асрхои 14—15 кабилахои макили араб ба Мавритания зада даромаданд ва ин процесси мусулмон ва арабикунонии Мавританияро, ки дар асри 11 cap шуда буд, тезонд. Маркази асосии диви ва сиёсии Мавритания вохаи Шингетти шуд. Лaхчаи хасанини забони араби васеъ пахн гардид. Евроиоихо дар асри 15 ба Мавритания дохил шуданд. Португалихо ва испанихо барои баровардани гуломони сиёх ва инчунин тиллою самти араби дар сохилхои Мавритания истехкомхо сохтанд. Бо онхо голландихо, англисхо ва Франсавихо ракобат доштанд. Европоихо дар сохилхои д. Сенегал муассисахои савдо сохтанд.

Аппаратхои заводи ширинкунии оби бахр дар шахри Нуакшот.

Мувофики Сулхи Версаль (1783) сохилхои Мавритания дар зери таъсири Франция монда, мустамликакунии пуршиддат вусъат ёфт. Франсавихо соли 1903 дар замини кабилахои араби трарза ва бракна, ки ба «терр. граждании Мавритания» дар доираи Африкаи Гapбии Франция (АРФ) дохил шуда буд, протекторати худро баркаpop карданд. Соли 1909 кушунхои Франция вилояти Адрар — такьягохи асосии мавританихоро забт карданд. Соли 1920 мамлакат дар хайати АРФ расман мустамликаи Франция эълон карда шуд. Аз хукукхои оддитарин махрум кардани ахоли, андозхои вазнин, мехнати мачбури боиси он шуд, ки мавританихо ба вилоятхои хамсоя, аз чумла ба Рио-де-Оро, ки он чо куввахои Мукобилат чамъ мешуданд, гурезанд. Баъди Чанги дуюми чахони мубориза барои озоди боз вусъат ёфт, аввалин партияхои сиёси ба вучуд омаданд: Иттифоки Мавритания (ИМ, 1946) ва Иттифоки прогрессивии Мавритания (ИПМ, 1947). Хукумати Франция мачбур шуд, ки соли 1958 дар дохили Иттиходи Франция ба Мавритания автономия ва хукуки барпо намудани органхои дохилии конституциони дихад. 28 ноябри 1960 дар ш. Нуакшот Республикаи Исломии Мавританияи мустакил эълон карда шуд. Дар муборизаи тезу тунд барои ояндаи мамлакат ИМ ва ИПМ ба хам зид меистоданд: ИМ даъват мекард, ки Мавритания ба Марокаш хамрох карда шавад, ИПМ тарафдори он буд, ки Мавритания давлати мустакил эълон шуда, алокахои зичи он бо Франция нигох дошта шавад. Дар ин мубориза ИПМ голиб омад ва кисми асосии ИМ ба хам хамрох шуд; Партияи азнавсозии Мавритания (ПАМ) ташкил дода шуд (1958). Аз соли 1960 cap карда ПАМ барои мустахкам намудани рохи тараккиёти мустакилонаи мамлакат тадбирхо андешид. Конгресси ягонагии Мавритания, ки декабри 1961 барпо гашта буд, дар асоси ПАМ хамаи партияхоро ба Партияи халкии Мавритания (ПХМ) муттахид намуд, ки вай партияи ягона ва хукмрони мамлакат гардид. Хукумати Мавритания ба бархам додани русуми анъанавии пешвохо cap карда ислохоти маъмури-территорияви гузаронд, баробархукукии занонро эълон кард ва г. Дар сиёсати беруниаш Мавритания принципхои хамрох нашудан ба блокхо, хамкори бо хамаи мамлакатхо ва дасттирии мубориза барои ягонагии мамлакатхои араб ва африкоиро пеш мегирад. Соли 1973 Мавритания бо Франция доир ба хамкории иктисоди ва мадани (ба ивази шартномаи соли 1961) шартнома баст, ки он Францияро аз як катор имтиёзхое, ки шартномаи соли 1961 пешбини карда буд, махрум кард. Аъзои ТДМ (аз 1961), Ташкилоти ягонагии Африка, Ташкилоти азхудкунии хавзаи д. Сенегал ва Лигаи давлатхои араб (аз 1973). Соли 1961 Иттифоки Мехнаткашони Мавритания таъсис гардид. Байни Мавритания ва Иттифоки Совети соли 1964 муносибатхои дипломати баркарор карда, 1966 шартномаи савдо, 1967 шартнома оид ба хамкории мадани ва илми, 1973 шартнома дар сохаи мохигири, 1974 шартнома дар бораи алокаи хавои имзо карда шуд.

Хочаги. Мавритания мамлакати аграри буда, саноати маъданистехсолкуниаш ру ба тараккиёт. Асоси хочагии кишлокдори ва зироаткории экстенсиви ташкил медихад. Касбу хунархои анъанави низ таракки кардааид.

Комбинати маъдантозакунй дар ш. Акчавит.

Баъди ба даст оврдани истиклолият сисати иктисодии хукумат дар миёнахои чорсолаи 1-ум (1963—66) ва 2-юм (11)70—73) инъикос ёфт, ки он барои аз худ кардан ва истифода бурдани захирахои табии, ба вучуд овардани сохахои нави саноат дар доираи секторхои давлати ва омехтаи саноати маъданистсхсолкуни (маъданхои охан ва мис) ва саноати мохигири равона карда шуда буд. Соли 1976 татбики плани панчсолаи тараккиёт (1976—80) огоз ёфт. Зиёда аз 30% махсулоти умумии милли аз хисоби чорводории кучманчи ва нимкучманчи аст. Майдони чарогоххо — такрибан 40 млн га. Дар соли 1978 1,2 млн cap гов, 7,5 млн cap гусфамду буз, 0,7 млн cap шутур, 180 хазор cap. хар мавчуд буд. Махсулнокии чорво паст аст.

Майдони заминхои кишт такрибан 300 хазор га. Зироати асосии хочагии кишлок арзани африкои ва чойчувори; дар нохияхо хурмо меруяд. Инчунин чуворимакка, лубиё, батат, арахис (чормагзи замини), шоли парвариш мекунанд. Дар соли 1977 такрибан 30 хазор т галла, такрибан 13 хазор т хурмо чамъовари карда шуд. Масолехи анъанавии Мавритания— самти араби (шилм). Аз д. Сенегал ва наздикии сохилхои бахр мохи мегиранд. Дар саноати маъдан мавкеи асосиро истехсоли маъдани охан ишгол мекунад (соли 1977 10,0 млн т). Соли 1975 ба истехсоли маъдан ширкати давлатии «Ширкати Мавритании коммлекси шимолии маъдани кухи» («КОМИНОР»), ба истехсоли мис ширкати давлатии СОМИМА машгул буданд. Ширкати Францияю Мавритании СОМИРЕМА (хиссаи Мавритания— 20%) элементхои камёбро кор карда мебарорад. Дар Шим. намаксанг истехсол мекунанд. Комбинати коркарди мохи, заводи канд дар Нуакшот, нушимхона бо яхдони гуштнигахдори, заводи чарм, хурмокомсервакуни, дастгох барои ширинкунии оби бахр ва г. мавчуд аст. Истехсоли кувваи электр — 93,4 млн кВт-с. (1973).

Дарозии роххои автомобилгард 3,2 хазор км ва рохи охан 652 км. Бандари асосии бахри — Нуадибу. Аэропортхои Нуакшот ва Нуадибу ахамияти байналхалки доранд. Маъдани охан, концентрати мис, махсулоти мохи, самти арабиро ба хорича бароварда, аз хорича хуроквори, молхои саноати, махсулоти нефт ва г. оварда мешавад. Асосан бо Франция, Британияи Кабир, Италия, Япония савдо мекунад. Вохиди пул— угия.

Маориф. Зиёда аз 95% ахолии калонсол бесавод аст. Таълим ба тарзи франсави мебошад. Мактаби ибтидои 6-сола, мактаби миёна — 7-сола. Институти миллии ислом шиноси (таъсисаш 1961) маълумоти олии дини медихад. Дар давоми истиклолияти Мавритания шумораи бачахои мактабхои 3 маро

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …