МАХСУЛОТИ ИЗОФА, махсулотест, ки мехнаткашони сохаи истехсолоти модди зиёда аз махсулоти зарури истехсол мекунанд. Дар шакли арзиши изофа аз худ кардани Махсулоти изофа, ки бо мехнати бемузд истехсол мешавад, максади асосии истехсолоти капиталисти аст. Капиталистон Махсулоти изофаро барои истеъмоли худ ва васеъ намудани истехсолот истифода мебаранд. Истехсоли Махсулоти изофа ва махсулоти зарури дар шароити чамъияти капиталисти оштинопазир будани манфиатхои мехнаткашон ва синфхои истисморгарро ифода менамояд. Дар чамъияти социалисти баробари талаботи индивидуали талаботи чамъияти низ вучуд дорад, ки барои конеъ гардонидани он истехсоли Махсулоти изофа зарур аст. В. И. Ленин гуфтааст, ки дар давраи социализм Махсулоти изофа ба фоидаи синфи доро не, балки ба фоидаи тамоми мехнаткашон, факат ба фоидаи мехнаткашон истехсол карда мешавад. Махсулоти изофаи дар давраи социализм муносибати хамкории рафикона ва ёрии байни мехнаткашони чамъиятро ифода мекунад. Шакли натуравию ашьёии он аз воситахои истехсолот ва ашёи истеъмол иборат аст. Дар вакти таксими Махсулоти изофа як кисми он бевосита дар корхона мемонад ва кисми дигараш ба ихтиёри давлати социалисти мегузарад. Кисми Махсулоти изофа, ки дар корхона мемонад, фоидаи холиси онро ташкил медихад. Кисми дигараш, ки ба ихтиёри давлат мегузарад, шакли даромади холиси чамъияти социалистиро ба худ гирифта, барои васеъ кардани истехсолот, фонди сугуртаи ичтимои, ташкили фондхои чамъиятии истеъмол, фонди захирави, мустахкам кардани мудофиаи мамлакат, нигох доштани аппарати давлати ва диг. муассисахои сохаи истехсолоти гайримодди сарф мешавад. Даромади холиси корхонахо барои такмилу вусъати истехсолот, конеъ гардондани эхтиёчоти модди ва мадании аъзоёни коллективхои онхо (сохтани клуб, хонахои истикоматию истирохати, санатория, яслию богчахо ва г.) сарф мешавад.
М. Мамадназарбеков.