Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНИТИЗМИ ОФТОБ

МАГНИТИЗМИ ОФТОБ

magnitizmi-oftobМАГНИТИЗМИ ОФТОБ, мачмуи ходисахое, ки ба мавчудияти майдони магнити дар Офтоб вобастаанд. Майдони магнитии догхои Офтоб, майдони магнитии сохахои фаъоли берун аз догхо ва ба ном майдони умумии Офтобро фарк мекунанд. Майдони магнитии Офтобро бори аввал астрономи америкои Ч. Хейл соли 1908 аз руи тачзияи хатхои фурубари (ниг. Ходисаи Зееман) дар спектрхои догхои Офтоб кашф кард. Барои чен кардани майдони магнитии пуриктидор одатан, анализатори поляризацияаш доирави истифода мешавад, ки барои мушохидаи алохидаи компонентхои зеемании хатхои спектр имкон медихад. Майдонхои магнитии сустро бошад, бо магнетографи офтоби дакик чен кардан мумкин аст. Магнитизми Замин аз афти кор, сабаби гарм шудани кабати болои атмосфераи Офтоб, суръат гирифтани варрахо ва ба фазои байнисайёрави баромадани онхо мебошад ва дар бисьёр ходосахои ба xypучи Офтоб алокаманд, роли мухим мебозад. Майдонхои магнитии суст ба китъахои бештар дурахшони Офтоб, ки дар онхо газ метафсад, алокаманд мебошанд. Вале дар китъахои чудогона беш аз 1400 Э шудани майдони магнити боиси пастшавии харорати газ ва пайдоиши догхои Офтоб мегардад. Таъсири мутакобили майдонхои магнитии гуруххои догхо хуручи Офтобро ба вучуд меорад. Дар чойхои фаъоли берун аз догхо майдони магнитии суст ё худ майдонхои магнитии фон мушохида мешаванд: онхо якчоя бо сохахои фаъол структураи точи Офтоб ва мухити байнисайёравиро муайян мекунанд.

Дар арзхои гелиоцентрии болотар аз 55° ба ном майдони магнитии умумии Офтоб, ки ба майдони диполмонанд аст, чен карда мешавад. Ба он тагйири муваккати хос аст ва баъзе солхо таксимоти майдони магнитил умуми дар арзхо ва майдони магнитии дипол ба кулли фарк мекунанд. Мукаррар шудааст, ки дар давраи максимуми хуручи Офтоб аломати майдони магнити дар кутбхо тагйир меёбад. Астрономи совети А. Б. Северный структураи нозук ва характери статистикии майдони магнитии умумиро омухт. Майдони магнитии пурраи Офтоб (чун ситора) бо даври кариб 27—28 руз ва амплитудаи 1 Э тагйир меёбад. Табиати Магнитизми Замин алхол пурра тадкик нашудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …