Маълумоти охирин

МАДРАСАИ НАВ

МАДРАСАИ НАВ, ёдгории меъмории асри 19 дар Хисор. Каме дуртар аз Калъаи Хисор вокеъ гашта, аз хишти пухта бино ёфтааст. Танхо намо ва хонахои ба он пайваст махфуз мондаанд. Мадраса дукабата аст. Дар маркази намо пешток ва дар ду гушааш ду гулдаста чойгиранд.

МАДРАСАИ НАВ

Кисмхои хар ду тарафи даромадгох будаи бино якхела нест: кисми чапаш девори хамвор буда, кисми росташ бо усули токдарток оро ёфтааст ва дар маркази хар яки ин токхо даричахо гузоштаанд. Аммо кисми болои намо мутавози буда, дар боло, дар кабати дуюм айвони давродавр сохта шудааст ва дархои хамаи хонахои Мадраса ба хамин айвон кушода мешаванд.

Аз ни чо ба манорахо низ рох хаст. Дар марказ, дар паси пешток бинои чоркунчаи гунбазпуш вокеъ гашта, аз ду пахлуяш 3-тоги хонаи росткунча дорад. Аз харобахо маълум мешавад, ки атрофи хавлии росткунчаи Мадрасаро хучрахо ихота мекарданд. Ин ёдгори махсусан аз он чихат чолиб аст, ки дар кабати якум хучрахои мукаррарии ру ба чониби хавли ва дар кисми болои айвонхои кушод чой гирифтаанд. Ин усули мадрасасози дар амалияи санъати меъмории Осиёи Миёна намунаи кодир аст. Ёдгори дар мухофизати давлат мебошад.

А. Мирбобоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …